Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ

Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ

Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ (ПКАҶ), июли 1921 ташкяи ёфт. Партия дар бобати паҳн кардани ғояҳои сотсиализм ва мустаҳкам намудани итттифоқҳои касаба кори бисёре кард, бо Конгресси миллии Африка (КМА) ва таш­килотҳои аҳолии гуногунпӯст ҳамкории зич дошт. Баробари ба сари ҳокимият омадани партияи миллатчигӣ ва сиёсати расмии давлатӣ эълон шудаани апартҳейд соли 1950 Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ манъ гардид. Партия, ки ба пинҳонкорӣ ба қадри кофӣ омода набуд, Комитети Марказии Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ дар бораи пароканда намудани партия қарор баровард.

Ибтидои 1953 Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ дар пинҳонкорӣ аз нав барпо карда шуд. Солҳои 50 Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ бо Конгресси миллии Африка ва дигар ташкилотҳои демократӣ алоқаро вусъат дод. Бо иштироки фаъолонаи Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ Хартияи озодӣ( 1955) кор карда баромада шуд. ки он озодии миллӣ ва дигаргунсозиҳои куллии иҷтимоию иқтисодиро талаб мекард. Дар программаи партия — «Роҳи сӯи озодии Африкаи Ҷанубӣ»,. ки Съез­ди 5-уми Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ  (ноябр 1962) қабул кард, қайд гардидааст, ки мақсади охирини партия сохтани сотсиализм мебошад.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ  дар Маҷлисҳои машваратан байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи ҳуҷҷатҳои қабулкардаи ин маҷлисҳоро маъқул до- нист.

Раиси Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ — Ю. Даду, котиби генералӣ — М. Мабида. Органи марказиаш — журнали «Африкаи комӣюнист».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …