Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика

Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика

Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика (ПАХК), июни 1931 барпо гардид (то 1943 Партияи ком­мунистӣ ном дошт). Конференсиям 1-ум (1931) устав ва декларасияи программавии партияро қабул кард. Партия ба бисёр корпартоиҳо роҳбарӣ кардааст. Солҳои 40-ум Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика бо дигар партияҳои чап блок баста, дар ҳайати ҳукумат дохил буд. Дар солҳои Ҷанги гражданӣ (1948) ком­мунистон ҳаракати мудобилатро бар зидди қувваҳои реаксионӣ роҳбарӣ мекарданд. Декабр 1959— январ 1960 Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика дар ташкил ва гузаронидани корпартоии коргарони плантасияҳои банани «Юнайтед фрут компании фаъолона иштирок кард. Съезди 11- уми Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика  (1971) программаи нав қабул кард, ки он ба амал баровардани револютсияи демократӣ, аграрӣ, зидди- империалистӣ, амалӣ гардонидани револютсияи сотсиалистӣ ва ташкил кардани ҳу­кумати халқӣ-демократиро пешбинӣ мекард.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист. Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии партия — съезд, дар байни съездҳо — Комитети Марказӣ ва Комис­сияи сиёсӣ. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика — М. Мора Валверде. Органи марказӣ — газетаи ҳафтаинаи «Ли- бертад» («Озодӣ»).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …