Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир

Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир

Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир, январи 1966 дар асоси Партияи Коммунис­тии Алҷазоир (ПКА, 1936—65) ва қувваҳои чапи Фронт озодкунии милли (ФОМ) барпо гардид. Коммунистони Алҷазоир, ки бо Партиям Коммунистии Франсия алоқаи зич доштанд, дар тарғиби идеяҳои марк­сизм дар мамлакат, дар муборизаи зидди фашистони Германия ва Ита­лия ва режими Виши дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон саҳми калон гузоштанд. Баъди шӯриши мусаллаҳона, ки 1 ноябр 1954 бо роҳбарии Фронти Озодкунии Миллӣ дар Алҷаэоир cap шуда буд, Партиям коммунистӣ гурӯҳҳои Му­саллаҳи «Муборизони озодшавӣ» ташкил кард, ки остҳо баъди созиши байни Фронти Озодкунии Миллӣ  ва Партияи Коммунис­тии Алҷазоир  (1956) ба ҳайати Армияи озодшавии миллӣ дохил шуданд.

Партияи коммунистӣ баъди мустақил гардидани Алҷазоир (1962) ва дар Съезди партия Фронти Озодкунии Миллӣ  (апрел 1964) қабул шудани программа, ки дар он роҳи сотсиалистии тараққиёти мамлакат пешбинӣ мешуд, ин про­граммаро асоси ҳамкорӣ бо Фронти Озодкунии Миллӣ дониста, аъзоёни худро даъват кард, ки ба сафи Фронти Озодкунии Миллӣ дохил шаванд. Ин даъват ба парокандашавии Партиям Коммунистии Алҷазоир оварда расонд.

Коммунистон, ки аз дохил шудани як қатор унсурони рост ба Совети револютсионӣ (органи олии сиёсӣ ва давлатии Республикаи Халқии Демократии Алҷазоир) хавотир шуда буданд, воқеаҳои 19 июни 1965-ро чун кӯшиши дар мамлакат барқарор кардани диктатурам ҳарбӣ фаҳмиданд ва меҳнаткашонро ба намоиш даъват намуданд. Бисёр фаъолони Партияи Коммунис­тии Алҷазоир  ва Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир ҳабс карда шуданд. Совети револютсионӣ бо сардории X. Бумеден садоқати худро ба роҳи со­тсиалистии интихобкардаи мамлакат собит намуд, дар бобати мустаҳкам кардани истиқлолияти миллӣ як қатор чораҳои муҳим дид. Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир сиёсати зиддиимпериалистии Бумедён ва дигаргунсозиҳои прогрессивии иҷтимоию иқтисодиро дастгирӣ мекард, ба фитнагариҳои реаксияи до­хилӣ ва, берунӣ муқобил мебаромад.

Аз миёнаи солҳои 70 таъқиботи фаъолони Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир қать гардид. Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир барои муттаҳид намудани тамоми тарафдорони роҳи сотсиалистии мам­лакат дар атрофи ҳуҷҷати програм­мавии револютсияи Алҷазоир — Хар­тияи миллӣ (1976) ва қарорҳои Съе­зди 4-ум и партияи Фронти Озодкунии Миллӣ  (январи 1979), ки Комитети Марказӣ ва Бюрои сиёсии партияро бо сардории Котиби генералии Фронти Озодкунии Миллӣ  Бенҷедид Шадли (7 феврали 1979 президенти Республикаи Халқии Демократии Алҷазоир) интихоб намуд, мунтазам баромад мекунад. Родбарияти Республикаи Халқии Демократии Алҷазоир таъқиботи унсурони прогрессивиро қатъ карда, сиёсати дар Республикаи Халқии Демократии Алҷазоир мавҷуд будани фақат як пар­тияи роҳбарикунандаи Фронти Озодкунии Миллиро ус- туворона пеш мегирад. Партиям Фронти Озодкунии Миллӣ мувофиқи Хартия «дувваи пешақадам, роҳбарнкунанда ва ташкилкунандаи мубориза барои татбиқи мақсадҳои револютсияи сотсиалистӣ мебошад.

Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир  дар масъалаҳои асосии вазъияти байналхалқӣ, ҳаракати коммунистӣ ва миллии озодихоҳона дар мавқеъҳои марксизм-лениниизм меистад, тарафдори устувори сулҳ ва пастшавии шиддати вазъияти байналхалқии, инкишофи ҳамкории байни Алҷазоир ва СССР ва дигар мамлакатҳои Иттиҳоди сотсиалистӣ аст. Намояндагони Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир  дар Маҷлиси машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир  ба таври ғайрилегалӣ ба забонҳои арабӣ ва франсавӣ бюллетени ҳармодаи «Савт-уш-Шааб» нашр мекунад. Ко­тиби якуми Комитети Марказии Партияи Авангарди Сотсиалистии Алҷазоир — Содиқ Ха- ҷерес.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …