Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал

Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал

Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал (ПАИС), соли 1957 таъсис ёфт. Съезди 1-уми Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал, ки соли 1963 барпо гардид, программаи партияро тасдиқ кард, ки он аз ду қисм иборат буд: программаи мини­мум, ки вазифаҳои мустаҳкам кар­дани истиқлолияти: сиёсию иқтисодӣ ва барпо намудани давлати демокра­тияи миллиро муайян кард; програм­маи максимум, ки дар он мақсади сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ ифода карда шудааст. Съезди 2-юми Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал (1972) программаи партияро аниқтар карда, вазифаҳои муҳофизати манфиатҳои ҳаётан зарури табақаҳои меҳнаткашон ва барпо карда­ни фронти васеи қувваҳои миллӣ- демократӣ ва ватандӯстро дар навбати аввал гузошт.

Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал аз мамлакат баровардани қӯшунҳои Франсия, миллӣ кардани соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва васеъ намуданиҳдуқуқҳои сиёсӣ ва озодии меҳнаткашонро талаб мекунад.

Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал  дар сафарбар кардани меҳ- наткашон ба мубориза баҳри истиқлолияти мамлакат мавқеи муҳим дошт. Доираҳои ҳукмросни Сенегал аз афзоиши таъсири пурзӯри партия тарсида, соли 1960 фаъолияти онро манъ карданд. Аз соли 1960 то 1976 пар­тия дар пинҳонкорӣ муборизаро давом дод. Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал  баъди аз пинҳонкорӣ баромадан барои мустаҳкам карда­ни нуфузи худ дар байни омма ко­ри зиёдеро вусъат дод. Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал ба як қатор ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва ҷавонон такя мекунад.

Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал  ҳуҷҷатҳои Маҷлиси машва­ратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргариро (1969) маъқул донист. Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал  ба тарафдории муттаҳид шудани ҳаракати байналхалкии коммунист дар асоси марксизм-ле­нинизм, бар зидди идеологияи мао­изм баромад мекунад.

Партия дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи роҳбарикунандаи Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал — Комитети Марказӣ, Бюрои сиёсӣ. котиботи Бюрои сиёсӣ. Раиси Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал—М. Диои, ко­тиби генералиаш — Б. Гуҷбй. Органи марказии Партияи Африкоии Истиқлоли Сенегал — г. «Момсарев».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …