Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партивият

Партивият

Партивият 1) ба партияи сиёсӣ мансуб будани одам; 12) равияи ғоявии ҷаҳонбинӣ, фалсафа, илмҳои ҷамъиятӣ, адабиёт ва санъат, ки манфиати синф ва гурӯҳҳои муайяни иҷтимоиро ифода карда, дар тамоюли иҷтимоии эҷодиёти илмӣ ва бадеӣ, мавқеи шахсии олимон, файласуфон, нависанда ва санъаткорон заҳур меёбад. Партивият дар маънои васeии принсипи рафтори одамон, фаъолия­ти ташкилот ва муассисаҳо, яроқи муборизаи сиёсию идеологӣ мебозад. Мафхуми «Партивият» бо фаъолилти партияи сиесӣ зич алоқаманд аст. Зеро он манфиатҳои синф ё гурӯхҳои иҷтимоиро равшан ифода карда, вазифаи роҳбарии муборизаи сиёсии онҳоро ба ӯҳда мегирад.

Аз ин рӯ, аз тарафи одамон амиқ дарк шудани манфиатҳои синфӣ ва роҳи сиё­сии партияро тарафдорӣ кардани онҳо Партивиятро ифода мекунад. «Аҳолии муайян ё ки синфи муайян аз ҷиҳати сиёсӣ ҳар қадар зиёдтар муттараққӣ, маърифатнок, бошуур бошад, партиявияти вай, аз рӯи қоидаи умумӣ, хамон қадар баландтар аст» (Ленин Владимир Илич, Асарҳои, ҷилди 24, саҳифаи 548).. Афкори ҷамъиятӣ дар давоми тамоми таърихи ҷамъиятии антагонистӣ хусусияти партиявӣ дошт. Дар ҷамъияти ғуломдорӣ ва феодалӣ гурӯҳҳои сиёсӣ, ҷараёнҳои мухталифи фалсафӣ ва афкори ҷамъиятию сиёсӣ манфиатҳои табақаҳои гувогуни синфҳои ҳукмронро ифода мекарданд. Дар муборизаи идеявӣ манфиатҳои синфҳои мазлум низ ифода мешаванд.

Пайдоиш ва инкишофи сотсиализми хаёлӣ намунаи ин аст. Вобаста ба он ки гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ манфиати кадом синфро ифо­да мекунанд, Партивият аҳамияти прогрессивӣ ё иртиҷоӣ дошта метавонад. Бо пайдоиши буржуазия ва пролета­риат Партивият дар муборизаи синфҳо, ҳаёти ғоявию сиёсии ҷамъият аҳамияти хос пайдо мекунад. Партияи коммунистӣ принсипи Партивиятро собитқадамона муҳофизат менамояд. Принсипи Партивияти коммунистӣ таҷассуми ягонагии таҳлили илмии воқеият ва ҳимояи собитқадамонаи манфиатҳои проле­тариат мебошад, ки ин танҳо ба со­тсиализм ва коммунизм хос аст. Ба­рои пролетариат, ки ба донистани роҳҳои конкретии сохтмони ҷамъияти нав манфиатдор аст, шарҳи илмӣ ва объективии олам, қонунҳо ва роҳҳои гузариш аз капитализм ба сотси­ализм лозим аст.

Танҳо марксизм- ленинизм ин вазифаро иҷро меку­над. Аз ин рӯ, ҳамаи кӯшишҳои душманони сотсиализм дар бобати ҷиҳати илмӣ ва партиявии назарияи марксизм-ленинизмро бо ҳам муқобил гузоштан асосе надоранд. Назарияи марксистию ленинӣ вазифа ва мақсадҳои синфи коргар, сиёсати партияи коммунистиро муҳофизат ва асоснок намуда, сохти истисморӣ, сиёсат ва идеологияи онро беамон танқид мекунад. Ақидаи коммунистон аз ибтидо чунин аст: «Бо пар­тия инкишоф намешавад, бе ҷудошавӣ — прогресс» («Маркс Карл, нигаред Маркс Карл и Энгелс Фридрих Сочинение, 2 издание., том 1, саҳифаи 113). Бар хилофи ин буржу­азия, ки манфиатҳояш ба манфиати аксарияти аҳолӣ мухолиф acт, ниятҳои аслии худро пинҳон намуда, барои мақсадҳои иқтисодию сиёсии худро чун мақсади хамаи  аъзоёни чамъият нишон додан мекӯшад.

Ин ният идеологҳо ва сиёсатчиёни буржуазиро маҷбур мекунад, ки ба муқобили принсипи Партивият бароянд. Бинобар ин Партивият роли пролетарӣ, бепартия- вият бошад, ғояи буржуазист. Дар замонн ҳозира кӯшиши идеологҳои буржуазӣ барои тарғиби идеяи бепартиявият боз ҳам меафзояд, алалхусус дар замоне, ки таносуби қувваҳо дар арсаи байналхалқӣ барои фоидаи сотсиализм тағйир ёфта, эътибори системаи ҷаҳонии сотсиализм пеши назари халқҳои дунё меафзо­яд ва афзалияти сохти сотсиалистӣ инобат ба капитализм дар амал тасдиқ гардидааст. Дар шароити имрӯза, вақте ки муборизаи байни капи­тализм ва сотсиализм тезу тунд мегардад, муносибати синфӣ ва партиявӣ ба таҳлилу баҳодиҳии ҳодисаҳои иҷтимоӣ дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Бннобар ин Партияи Коммунистӣ дар масъалаҳои тарбия аз мавқеи синфӣ баромад кардан, мунтазам баланд бардоштани ҳушёрии револютсионии оммаи халқ, муборизаи собитқадамона ба муқобили канораҷӯӣ аз сиёсатро вазифахои муҳими идеологии худ медонад.

Принсипи Партивият дар соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ — фалсафа, адабиёт ва санъат зуҳури хос дорад. Умумияти Партивияти илмҳои ҷамъиятӣ аз он иборат аст, ки мавзӯи таҳқиқи онҳо ҳодисаҳои иҷтимоист ва онҳоро берун аз манфиатҳои синфу гурӯхҳои иҷтимоӣ шарх додан мумкин нест.

Партивият дар фалсафа ва илмҳои дигари ҷамъиятӣ бо маърифати олам, инкишофи идеяҳои прогрессисӣ вобаста аст, ки одатан таҷассумкунандаи онҳо намояндагони синфҳои пешқадам буданд. Партивияти ақидаҳои фалсафӣ аз рӯи муносибати мухталиф ба шарҳи олам (таносуби материя ва руҳ, ҳастӣ ва шуур), мавқеи одам дар олам, муносибати ӯ бо сарватҳои маънавӣ, аз қабили этикию эстетикӣ ва ғайра муайян карда мешаванд.

Фалсафаи марксизм-ленинизм, ки чун системаи томи назарӣ ба вуҷуд омадааст, ҷаҳонбинии синфи коргарро ифода мекунад, асосхои методологии фаъолияти дигаргунсозии револютсионӣ ва тадқиқоти илмиро фароҳам меорад. Фалсафаи марксистӣ партиявист, яъне мухофизати манфиатҳои пролетариатро унсури зарурии мақсади худ медонад. «Фалсафаи навтарин ҳам, чунон ки ду ҳазор сол пеш аз ин буд, партиявӣ аст» (Ленин Владимир Илич, Полное coбрание., сочинений, 5 издание, том 18, страница 380).

Партиявият дар адабиёт ва санъат дар мазмуни ғоявии асари нависанда, санъаткор ва дигар зиёиёни эҷодӣ, тамоюли иҷтимоӣ, таърихӣ ва синфии асари бадеӣ, ҷараёни идеологӣ дар эҷоди бадеӣ, мавқеи нависанда дар муборизаҳои иҷтимоӣ зоҳир мешавад. Ягон санъ­аткор аз таъсири қуввахои иҷтимоии замон берун буда наметавонад. Ӯ бо ҳазорон ришта бо кӯшиш ва сарват­ҳои маънавии синфҳои муайян сахт пайванд буда, хоху нохоҳ майлу хоҳиш ва манфиати онхоро ифода менамояд. Ҳарчанд дар ҳама замонҳо тамоюли ғоявии адабиёт ва санъат барқарор буд, аммо принсипи Партивияти эҷодиёти бадеиро аввалин бор Владимир Илич Ленин аниқ муайян кард. Владимир Илич Ленин дар мақолаи «Ташкилоти партиявӣ ва адабиёти партиявӣ» (1905) дуруғи маҳз будани озодии мутлақи эҷодиётро нишон дода, принсипи Партивияти адабиёт ва санъатро ба миён овард.

Владимир Илич Ленин таъкид мекард, ки «…пролетариати сотсиалистӣ бояд принсипи адабиёти партиявир о пеш гузорад, ин принсипро инкишоф диҳад ва онро ба шакли, то мум­кин аст, пурра ва комилтар дар ҳаёт татбиқ намояд» (Ленин Владимир Илич, Асарҳои, ҷилди 10, саҳифаи 32). Владимир Илич Ленин бар зидди адабиёти гуё «озод»-и буржуазӣ адабиёти ҳақиқатан озоди пролетариро ба миён гузошта буд. Адабиёти ха­киқатан озод адабиёти реализми со­тсиалистиест, ки ба принсипи Партивият асос ёфта, на ба «дах ҳазор боло- нишинон», «балки ба миллионҳо ва даҳҳо миллион меҳнаткашон, ки гу­ли мамлакат, қувваи он ва ояндаи он мебошанд, хизмат мекунад».

Партивият дар адабиёт ва санъат мавқеи иҷти­моӣ ва эстетикии санъаткор, иштироки ӯ дар чунбишҳои иҷтимоӣ ва таърихист. Маънои Партивият ин аст, ки санъаткор ба рӯйдодҳои олами воқеӣ ошкоро ва рӯирост аз мавқеи ақидаҳо ва манфиатҳои гурӯхи муайяни ҷамъият бахо медиҳад. Бннобар он Партивият аз санъаткор пеш аз ҳама мавқеи устувори иҷтимоӣ, ҷахонбинии со­лим ва аниқ донистани қонунҳои инкишофи чамъиятро талаб меку­над. Партивият принсипи эҷодии нависанда, метод, рӯҳ, ғоя ва хусусиятхои ботинии эҷодиёти ӯст. Партивият на танҳо дар мавқеи ғоявии нависанда, балки дар хусусиятҳои эстетикии асари бадеӣ ва шаклу мазмуни он ҳам ифода меёбад.

Партивият инкишофи адабиёт ва санъатро дар як доираи муайян махдуд накарда, балки ба озодии эҷодиёт, ташаббусу ҷустуҷӯҳо, услубу равияҳои гуногуни эҷодӣ имконияти калон фароҳам меоварад. Партивият санъаткоронро водор месозад, ки шаклхои тозаи тадқиқи бадеиро ҷӯё шаванд, муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти халқро дар адабиёт инъикос кунанд, барои идеалҳои олии коммуни­стӣ мубориза баранд. Таҷрибаи ин- кишофи адабиёти сермиллати советӣ далели ин аст. Партивият ба нависанда им- кон медиҳад,  ки ба моҳияти про­сессҳои иҷтимоӣ амиқ сарфаҳм равад, характерҳо ва муносибатҳои нави шахс ва ҷамъият ва масъалаҳои сохтмони ҷамъияти коммунистиро ҳаққоснӣ тайёр намояд. Партияи Коммунистӣ ҳамеша аз санъаткорон талаб ‘мекунад, ки ба принсипи Партивият содиқ бошанд, онро ҳарчи фаъолтар дар адабиёт ва санъат татбиқ намоянд.

Адабиёт: Ленин Владимир Илич, Ташкилоти партиявӣ ва адабиёти партиявӣ, Асарҳои, ҷилди 10, Сталинобод, 1950; Та баров С.. Наза­рияи ленинии партивяияти адабиёт ва санъат, Душанбе, 1963; Сайфуллоев А., Ақидаҳои адабии Ленин ва адабиёти то­ҷик, Душанбе, 1973; Ленин и искусство, Москва. 1969; Дубровин А. Г., О партийнос­ти художественного творчества, Москва, 1977; Щербина В. Р., Ленин и художест­венная литература, Москва, 1979.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …