Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Австрия

Партияи Коммунистии Австрия

Партияи Коммунистии Австрия (ПКА), 3 ноябр 1918 дар кон­ференсияи муассисон дар Вена дар шароити болоравии ҳаракати револютсионӣ дар Австрия зери таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр таъсис ёфт. Соли 1919 Партияи Коммунистии Австрия ба Иитернасионали коммунистӣ дохил гардид. Дар солҳои аввали мавҷудияти партия роҳбарияти он ба як қатор хатоҳои чаправии гузаро роҳ доданд, ки онҳо ҳамчун саркашӣ аз иштирок дар интихоботи парламента соли 1920 зоҳир гардиданд. Дар бартараф кардани ин хатоиҳо «Мактуб ба коргарони Австрия»-и Владимир Илич Ленин (август 1920) мавқеи калон дошт. Дар нимаи дуюми солҳои 20 роҳбарияти партия бо сардории И. Коплениг бар зидди ха­тари фашизм, барои афзун гардондани таъсири партия ба омма муборизаро вусъат дод.

Маи 1933 Партияи Коммунистии Австрия ПКАро хукумати реаксионии Э. Долфус манъ кард ва партия муборизаро дар пинҳонкорӣ давом дод. Съезди 12-уми Партияи Коммунистии Австрия  (сентябри 1934) қавитар гардидани мут- таҳидии пролетариати Австрияро дар зери шиори фронти ягона намоиш дод, дар айни ҳол съезд ба Авст­рия хавф доштани фашизми Герма­нияро ошкор кард. Партияи Коммунистии Австрия ба Австрия­ро марти 1938 забт кардани Герма­нияи фашистӣ қатъиян зид баромад. Баъди озодшавии Австрия (апрели 1945), ки дар ин кор Иттифоқи Со­ветӣ мавқеи калон дошт, Партияи Коммунистии Австрия  дар кори азнавбарқароркунии хоҷагии халқи мамлакат фаъолона иштирок кард. Солҳои 1945—47 намояндагони Партияи коммунистӣ ба хайати ҳу­кумати Австрия дохил буданд.

Партияи Коммунистии Австрия ба кӯшишҳоиШтатҳои Муттаҳидаи Америка ва дигар давлатхон Ғарб, ки мамлакатро ба блокхои ҳарбии таҷовузкор кашиданӣ бу­данд. муқобил баромада. тарафдори сиёсати бетарафиро пеш гирифтани Австрия ва бастани шартномаи давлатӣ буд. Дар ҳуҷҷати программавии «Роки Австрия ба сӯи сотсиа­лизм», ки онро феврали 1958 конферен­сияи Партияи Коммунистии Австрия  қабул кардааст, таъкид карда мешавад, ки дар Австрия бо роҳи осоишта ба сотсиализм гузаштан (ба воситаи дар парламент аксариятро ба даст овардани синфи кор­гар ва тарафдории оммаи васеи халқ) имконпазир аст. Съезди 21-уми Партияи Коммунистии Австрия  (май 1970) гурӯҳи оппортунистони рост (Э. Фишер, Ф. Маркс ва дигар)- ро аз партия хориҷ намуд. Қарорҳои съезд партияро аз ҷиҳати ташкилӣ ва идеологӣ мустаҳкам кард. Дар ҳуҷҷате, ки Съезди 22-юми Партияи Коммунистии Австрия  (январ 1974) зери унвони «Принсипҳои сиёсӣ — идеологии Партияи Коммунистии Австрия » қабул кард, нишон дода мешавад, ки сохтмони асосҳои сохти ҷамъияти сотсиа­листӣ дар Австрия «мувофиқи қонуниятхои умумӣ сурат мегирад.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Австрия дар Маҷлисхои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, I960, 1969, Москва) иштирок кар­данд. Партияи Коммунистии Австрия ҳуҷҷатҳои ин маҷдисҳоро маъқул донист. Партияи Коммунистии Австрия дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии пар­тия — съезд. Дар байни съездҳо ба кори партия Комитети Марказии Партияи Коммунистии Австрия роҳбарӣ мекунад, ки он Бюрои сиёсиро интихоб менамояд. Раиси Партияи Коммунистии Австрия —Ф. Мури. Органи Маркази — газетаи ҳаррӯзаи «Фолкоштимме», органи назариявиаш — журнали ҳармоҳаи «Вег унд циль».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …