Маълумоти охирин

Партитура

Партитура (аз лотинӣ parlio — чу­до мекунам), дар нота якҷоя сабт кардани ҳамаи овозҳои асарҳои мусиқии вокалӣ, созӣ ва вокалию созиро гӯянд, ки дар он партияи овозҳо (5 созҳо) сатр ба сатр ҷой гирифтааст. Ҳар як зарб ва ҳиссаи гуногуни он дар ҳамаи партияҳо болои ҳам гузошта шудаанд. Партитура имкон медиҳад. ки созҳои иҷрошавандаи ҳамаи партияҳо дар мадди назар бошад.

Партитура нимаи асри 16 дар Италия пайдо шуда, бо мурури замон шакли асосии сабти асарҳои мусиқии бисёровоза гардид. Ба машшоқон ва сарояндагон барои иҷрои партияҳо ҳиссаи худа­шонро навишта медиханд (ё нашр мекунанд), дирижёр (хормейстер) бошад, ҳангоми машқ ва иҷрои асар аз Партитураи мазкур истифода мебарад. Тадриҷан дар Партитура овозҳоро бо тартиби муайян чойгир кардан расм шуд.

Дар Партитураи вокалӣ (хорӣ) овозҳо аз боло ба поён, мувофиқи тесситураи онҳо (сопрано, алт, тенор ва бас) ҷой мегиранд. Дар Партитураи оркестри симфонӣ партияи соҳаҳои мусиқӣ мувофиқи гурӯҳҳо (дар хар гурӯх аз рӯи баландии овоз) чойгир мешаванд (аз боло ба поён): созҳои на- фасии чӯбӣ, нафасии мисӣ, зарбӣ, арфа, созҳои камончадор. Партияҳои созҳои якканавозӣ, овозҳои вокалӣ ва хор дар байни партияҳои арфа ва созҳои камончадор чойгир меша­ванд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …