Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Партенокарпия

Партенокарпия

Партенокарпия (аз юнонӣ parthe- bos — бокира, афифа ва karpos — самар, мева), бидуни бордоршавӣ ба вучуд омадани мева дар растаниҳо. Чунин мева одатан бе тухм меша­вад ё тухмаш ҷанин надорад. Партенокарпия дар бисёр растаниҳои боғӣ (ангур, себ, нок, каду, бодиринг ва ғайра) маълум аст. Растаниҳое, ки меваашон бе­тухм аст, фақат бо роҳи нашвӣ (фаргуч, қаламча, муғча ва ғайра) меафзоянд.

Партенокарпия ду хел мешавад: нашвӣ ва стимулясионӣ. Хангоми  Партенокарпияи нашви мева бе бордоршавӣ хосил меша­вад; дар вақти Партенокарпия стимулятивӣ бошад, барои ҳосил шудани мева гардгираки гулро бо гарди гули растании дитар ангезонидан лозим аст. Масалан, тарзи баъзе навъҳои себ барон ангезондани гарди баъзе навъҳои нок қобиланд. Баъзан Партенокарпияро бо таъ­сири ангезандаҳои механикӣ, химиявӣ, гардоӣ низ ба вучуд овардан мумкин аст.

Бо таври сунъӣ ба вучуд овардани Партенокарпия  дар парвариши помидор ва бодиринг аҳамияти хоҷагӣ пайдо кардааст. Алҳол усулҳои ба растаниҳо пошидани маҳлулҳои сероби баъзе моддаҳои химиявӣ кор карда шудааст, ки боиси бо миқдори зиёд ҳосил шудани меваи бетухми сергӯшту сершира ва бомазза мегарданд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …