Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Партеногенез

Партеногенез

Партеногенез (аз юнонӣ parthe- nos — бокира ва… генез), як шакли афзоиши ҷинсии организмҳост, ки ҳангоми он ҳуҷайраҳои ҷинсии занона (тухмҳуҷайра) бидуни бордор­шавӣ инкишоф меёбанд. Партеногенез дар про­сесси эволюсия дар баъзе организмҳои ҷудоҷинса ба вуҷуд омадааст.

Партеногенези табиӣ (усули муқаррарии афзоиши баъзе организмҳо дар табиат) ва сунъиро (тухмҳуҷайрае, ки боиси бордор шаваду ҳоло бордор нест, бо таъсири ангезонандаҳои гуногун бордор мешавад) аз ҳам фарқ менамоянд.

Партеногенези ҳайвонот ҷанинӣ (ё ,рудиментарӣ) ва пурра мешавад. Партеногенези ҷанинӣ ба аксари намудҳои хайво­нот дар мавриде, ки тухми онҳо бордор нашудааст хос мебошад. Партонегенези ҷанинӣ аслан давраҳои ибтидоии инкишофи ҷанинро дар бар мегирад; вале баъзан ҷанин то ба охир инкишоф мёёбад ва чунин Партеногенези П.-и тасодуфӣ (аксиденталӣ) ном дорад. Партеногенези пурраи табиӣ аз ҳуҷайраҳои бордорношуда пурра инкишоф ёфтани организм буда, ба тамоми бемӯхраҳо хос аст. Партеногенезе, ки дар мавриди он тухм фақат ба инкишофи партогенезӣ қобил аст, Партеногенези облигатӣ ном до­рад.

Дар мавриди Партеногенези факултативӣ тухм ҳам бо усули Партеногенезӣ ва ҳам бо роҳи бордоркунӣ инкишоф меёбад. Партеногенезро инчунин ба Партеногенези генератавӣ ё гаплоидӣ ва соматӣ чудо менамоянд. Дар Партеногенези генеративӣ дар ҳуҷайраҳои тақсимшаванда миқдори гаплоидии хромосомаҳо (п) ва дар Партеногенези сома­тӣ бошад, (миқдори диплоидӣ (2 п) ё полиплоидии (3п, Ап, 5п баъзан 6 п ва 8 п) хромосомаҳо ба назар мерасад. Педогенез шакли махсуси Партеногенез буда, инкишофи партеногенезиро дар давраи кирминагӣ дарбар мегирад.

Партеногенези сунъиро дар ҳайвонот авва­лин бор зоологи рус А. А. Тихомиров соли 1886 мушохида намуда, нишон додааст, ки бо истифодаи маҳлули кислотаҳои зӯр, соиш ва дигар ангезандаҳои физикию химиявӣ тухм- ҳуҷайраҳои бордорнашудаи кирми абрешимро инкишоф додан мумкин аст. Рафта-рафта усулҳои гуногуни Партеногенези сунъи дастраси олимон гаштанд.

Партено г е н е з и наботот Партеногенези константӣ дар байни набототи тухмдор ва спорадор, Партеногенези факултативӣ бошад, ниҳоят кам дида меша­вад. Партеногенези наботот мисли Партенегенези ҳайвонот ба Партенегенези генеративӣ (гаплоидӣ) ва соматӣ (диплоидӣ ва полидлоидӣ) чудо мешавад. Пи генеративӣ дар обсабз ва занбӯруғҳо, дар пахта, тамоку, растаниҳои дондех ва дигар набототи гулдор дида мешавад. Пртеногенези соматӣ дар ушна ва баъзе обсабзҳо ва растаниҳои олии гулдор (панҷаи гурба,. қоқу ва ғайра) ба назар мерасад. Апогамия (дар он ҷанин на аз хучайратухм, балки аз дигар  ҳуҷайраҳои гаметофит инкишоф меёбад) ва апомиксис барин усулҳои афзоиш ба Партеногенези (наботот наздикӣ доранд.

Пратеногенези сунъии наботот дар баъзе обсабзҳо ва занбӯруғҳо дар натиҷаи таъсири маҳлулҳои гипертонӣ ба ҳуҷайраҳои ҷинсии занона, инчунин ҳангоми ба муддати кӯтоҳ гарм кардани онҳо ба амал меояд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …