Главная / Без рубрики / Паррандаҳои соҳибчангол

Паррандаҳои соҳибчангол

Паррандаҳои соҳибчангол, ду гурӯҳи паррандаҳои муосир: пар- рандаҳои соҳибчанголи рӯзона (Fal­con iformes) ва паррандаҳои соҳибҷамооли шабона (Stigiformes). Дарозии танашан аз 10—>12 сантиметр (чуғзак) то 112 сантиметр (каргас) мешавад. П. с. нули шастмонанд (чангакмонанд), чапголи тез ва дарози кац дораид. Пари Паррандаҳои соҳибчанголи рӯзона зичи аксар сиёҳ- тоби  хокистаранг аст. Боли боз ва лочин тез ва дароз буда, барои парвози тез мувофиқ аст, боли каргасу бум ва баъзе намудҳои дигарашон бошад кунду паҳн буда, барои парвози ором мувофиқ шудааст.

Паррандаи соҳибчанголи рӯзона аз ду оила иборатанд: ғоз (Falconidae) ва уқоб (Aguilidae). Дар СССР 52 ва дар Тоҷикистои 40 намуди Паррандаи соҳибчанголи  рӯзона мавҷуданд. Ондо аз субтропикҳои хушк ((водиҳои дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон) то кӯҳҳои баланд (аз ҷумла кӯҳҳои Помир) маскунанд. Аксари намудҳои Паррандаи соҳибчанголи рӯзона муқиманд Калхот, чархи даштӣ пар­рандаҳои кӯчандаанд. Онҳо ба Тоҷикистон баҳорон парида омада, тирамоҳ ба Ҳиндустон, Покистон ва дигар мамлакатҳои ҷанубӣ парида мера- ванд. Паррандаи соҳибчанголи рӯзона моногаманд ва онҳо соле як ва баъзеашон (каргаси сиёҳ. ҳумо, бургут ва ғайра) дар ду-се сол як маротиба дар замин, камари шахҳо, болои дарахтҳо ва ғайра лона мегузоранд.

Аксари онҳо худашол ло­на нагузошта лонаи паррандаҳои дигарро банд мекунанд ва аз 1—2 (Паррандаи соҳибчанголи калон) то 6—7 (Паррандаи соҳибчанголи хурд) тухм гузошга, аз 28 (бозҳо) то 55 шаборӯз (каргасҳо) пахш мекунанд. Паррандаи соҳибчанголи рӯзона гӯштхӯранд. Паррандаи соҳибчанголи рӯзонаи хурд ҳашароти калон, пар­рандаҳои хурд, муш ва ғайраро хур­да, ба хоҷагии қишлоқ фоидаи калон меоваранд. Намудҳои калонашон (каргаси сиёҳ, кумай, ҳумо ва ғайра) асосан лоша мехӯранд ва санитарҳои табиат ба шумор мераванд. Аз Паррандаи соҳибчанголи рӯзона, ки дар Точикистон зиндагӣ меку­нанд боз, ҳумо, бургут, шоҳин ва чуғзак ба «Китоби сурхи ҳайвоноти нодири СССР» дохил карда шуда- анд.

Ба Паррандаи соҳибчанголи шабона чуғзҳо мансубанд. Боли чуғзҳо нарм буда, онҳо шабона беовоз ҳайвонҳоро шикор мекунанд. Дар СССР 18 ва дар Тоҷикистон 7 намуди Паррандаи соҳибчанголи шабона ҳаст. Аз Паррандаи соҳибчанголи шабона танҳо чуғзи ботлоқӣ паррандан кӯчанда буда, бо- қимондаашон (бум, чуғаи гуавдор, чуғзи хонагӣ ва ғайра) муқими ё кӯчан­даи мавсимианд. Паррандаи соҳибчанголи шабона низ моногам мебошанд. Онҳо лонаи худ­ро дар сӯрохиҳо, ковокии дарахт гузошта, аз 2 то 5—6 дона тухм ме- моланд ва онро 28—35шаборӯз пахш мекунанд. Ғизои онҳо асосан гӯшти ҳайвонҳост. Паррандаи соҳибчанголи шабонаи хурд (масалан, чуғзи хонагӣ) ҳашарот, ҳайвонҳои хояндаи майда, баъзе хазандаҳо, чуҷаи паррандаҳо ва ғайра ва Паррандаи соҳибчанголи шабонаи калон (бум, чуғзи гӯшдор) бошанд, асосаш хояндаҳоро мехӯранд.

Тасвир дар саҳифаи 512—513.

Адабиёт: А б д у салямов И. А., Фауна Таджикской ССР, том 19, чилди I, Птицы, Душанбе, 1977.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

plankton

Планктон

Планктон (аз юнонӣ planklos — гумроҳ, беҳаракат), як гурӯҳ ҷонва- ронеро гӯянд, ки дар қабати …