Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Парпигиҳо

Парпигиҳо

Парпигиҳо (Gentianuceae), оилаи растаниҳои дупалла. Ба Парпигиҳо асо­сан гиёҳҳои як ё бисёрсола, нимбутта. бутта ва баъзан дарахтони хурд тааллуқ доранд. Барги бедандона, гули калони дӯҷинса, хӯшагули симозӣ, ғӯзаи сертухм ва баъзан ғучуммева доранд. Дар дунё, алалхусус дар ноҳияҳои мӯътадил ва субтроникию кӯҳӣ зиёда аз 100 намуду қариб 70 ҷинси Парпигиҳо месабзанд.

Дар СССР бештар аз 125 намуду 9 чинси Парпигиҳо маълуманд. Дар Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон 4 ҷинси Парпигиҳо (Centaurium, Lomatogo- nium, Gentiana. Swertia) маълуманд, ки зиёда аз 20 намудро дарбар ме­гиранд. Нисфи намудҳои Парпигиҳои Тоҷикистон ба ҷинси парпӣ (Ientiana) тааллуқ доранд. Дар Иттифоқи Советӣ аз баъзе намудҳои парпӣ (1. Iu- tea) дору тайёр мекунанд. Баъзе Парпигиҳо (махсусан Centaurium, Swertia) хусусияти хуби ороишӣ доранд.

Адабиёт: Флора СССР, том 18, Москва— Ленинград. 1952: Тахтаджян А. Л., Система и фило­гения цветковых растений, Москва— Ленинград, 1966.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …