Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Паровоз

Паровоз

Паровоз, локомотиве, ки муҳаррики он мошини буғӣ мебошад. Эле­ментҳои асосии Паровоз инҳоанд: деги буғ, мошини буғӣ, қисми экипаж. Захираҳои сӯзишворӣ, об ва равғанҳои молиданиро одатан дар тендер, ки ба Паровоз қӯш аст, чойгир мекунанд. Ҳангами дар отащдони деги буғ сӯхтани сӯзишворӣ (ангишт, мазут, чуб, ва ғйра) оби дег буғ мешавад.

Мошини буғӣ энергияи гармиро ба энергияи механикии ҳаракати поршени си­линдрҳои деги буғ табдил медиҳад; ин ҳаракат тавассути мехакизми шатунию кривошинӣ ба чархҳои баран­да дода мешавад. Парвозҳои аввалин дар Британияи Кабир соли 1803 (Р. Тре­витик) ва 1814 (Ҷ. Стефенсов) сохта шудаанд (расми 1).

Дар Россия аввалин Паровозро падару писар Б. А. ва М. Е. Черепановҳо (1833) сохтаанд (расми 2). Паровозҳо зиёда аз 100 сол маъмул буданд ва фақат солҳои 50 асри 20 ҷои онҳоро электровоз ва тепло­возҳо гирифтанд. Сабаби асосии бо локамотивҳои дигар иваз карда шудани Паровоз хурд будани к. а. м.-и он (к. а. м.-и беҳтарин Паровозҳо аз 9% зиёд нест) мебошад.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …