Маълумоти охирин

Парол

Парол (аз франсавӣ parole — кали­ма) , номи ш а б, и с м и  ш а б, калимаи махфиест, ки дар Қувваҳои мусаллахи советӣ дар мавриди дигар кардани посбопон истифода ме­шавад.

Парол далолат мекунад, ки посбонони нав дар ҳақиқат барои ивази посбонони пешина омадаанд ва сардори онҳоро сардори калонтар дар ҳақиқат ба ин кор мутасаддӣ кардааст. Ҳар касе, ки Паролро донад, онро бояд махфӣ нигоҳ дорад. Парол инчунин дар ташкилотҳои пинҳонкор барои шинохтани одамони худи кор фармуда мешавад. Ҷавоби Парол ҳам калимаи махфист.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …