Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пароканиши комбинатсионии рӯшноӣ

Пароканиши комбинатсионии рӯшноӣ

Пароканиши комбинатсионии рӯшноӣ, эффекти Ра­ман, як навъ пароканиши рӯшноиро аз кристалл, моеъ ва газҳо гӯянд, ки дар натиҷаи он басомади рушноӣ тағйир меёбад. Ҳангомп пароканиши комбинасионии рушноии монохроматии басомадаш v дар спектри рӯшноии парокандашуда басомадҳои иловагии v ± v,- пайдо мешаванд, ки ин ҷо Щ собитаҳоеанд, ки моддаи парокандакунандаро тав-сиф медиҳанд ва ба басомади рӯшноии парокандашаванда v вобаста нестанд. Бузургиҳои V,- басомадҳои х ус ус ии лаппишҳои молекулаҳои моддаҳои парокандакунанда мебошанд, ки ба соҳаи инфрасурхи спектр, мувофиқ меоянд.

Пароканиши комбинатсионии рӯшноиро соли1928 олимони советӣ Г. С. Ландс­берг ва Л. И. Манделштам (дар кристаллҳо) ва физикҳои ҳинд Ч. В. Раман ва К. С. Кришнан (дар моеъҳо) кашф кардаанд. Он барои тадқиқи сохти молекулаҳо истифода мешавад. Спектрҳои пароканиши комбинатсионии ҳар як пайвасти химиявӣ ба дараҷае хоси ҳамин пайвахст (мебошад, ки барои таҳлили сифатӣ ва микдории боэътимоди таркиби омехтаҳо (масалан, бензинҳо, омехтаҳои карбогидридҳо ва дигар маҳсулоти коркарди химиявӣ) асоси ко­мил мебошанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …