Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пародонтоз

Пародонтоз

Пародонтоз (аз юнонӣ para — назди ва odontos — дандон), бемории бофтаи назди дандон (пародопт), ки ҳангоми он канораҳои изофаи алвеолии ҷоғ ковок шуда, боиси ҷунбидан ва афтидани дандон мегардад. Дар вақтҳои охир истилоҳи пародонтопатия, ки авчгирии иллати пародонт (бофтаҳои милки дандон)-ро ифода мекунад, маъмул аст. Парадонтопатия аксар баъди бемории кариеси дандон cap мезанад. Муоинаи боқимондаи майитҳои му- миёии Мисри Қадим шаҳодат меди­ҳад, ки одамон 4—5 ҳазор сол пеш ба касалии Пародонтоз гирифгор мешудаанд. Дар «Ал-Қонун»-и Ибни Сино низ аз ин хусус маълумот ҳаст.

«Ӯ мегӯяд, ки дандон аз таъсири омилҳои беру­на меҷунбад ва хӯрда мешавад. Ин ҳолат дар шахсони заиф ё касоне, ки бисёр гурусна гаштаанд ва ё хӯроки серӣ намехӯранд, мушоҳида мешавад. Хусусиятҳои клиникии Пародонтозро Фошард (Р. Fauchard; 1690— 1746) баён кардааст. Дар гули 2 аср оид ба этиология, патогенез ва муолиҷаи Пародонтоз маълумоти бисёре гирд омад, вале проблемии Пародонтоз ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Дар баъзе мамлакатҳо то 85%-и адолӣ (70% беморон одамони 24—40-сола мебошанд) ба бемории мазкур гирифтор мешаванд. Омилҳои этиологии Пародонтоз аномалияи дандон, ҷароҳат, санги дандон, бемориҳои гуногун (диабет, невропа­тия, бемориҳои дилу раг, меъдаю рӯда, ихтилоли мубодилаи модда ва ғайра), микрофлораи даҳон, норасоии витаминҳо (А, В, С, Е) ва ғайра ме­бошанд.

Пародонтоз одатан аз хуншории мил­ки дандон ё мавҷудияти фасод cap ме­шавад. Ҳантоми шиддат ёфтани про­сесси беморӣ милки дандон пажмурда шуда, дандон меафтад. Бемори вазнин бошад, милки дандон газак гирифта (гингивит), ҳангоми фишурдан аз милки дандон фасод ҷорӣ мешавад, дандон меҷунбад, бӯй мегирад ва ғайра. М у о л и ҷ а: кандани дандон, про­тез, пломба ва ғайра. Ба чораҷӯиҳои умумии муолиҷаи Парадонтоз тадбирҳои физиотерапевтӣ, гормонҳои анаболӣ ва ҷинсӣ, стимуляторҳои антезаҳои би­огенӣ, витаминотерапия ва ғайра ман­субанд.

П е ш г и р ӣ: истеъмоли хуроки дурушт, баробар истифода бурдани дандонҳо ҳангоми хӯрдани хӯрок, сари вақт пломба кардан ва тарошидани санги дандон.

Ад.: К о р ы т н ы й Д. И., 3 а э у л е в- с и а я Л. Я., Пародонтоз, Алма-Ата, 1978.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …