Маълумоти охирин

Парна

Парна (пандус), ҳамвории ба як тараф моили безинаест, ки воситаи аз поён ба боло баромадан аст. Парна дар таҳҳонаҳо барои чизҳои вазнини мағелонро баровардан, бо нақлиёти чархӣ бор кашонидан сохта мешавад. Парнаро инчунин дар гузаргоҳҳои зеризаминии ҳозира дар як канори зинаи он барои бароюфарои аробачаҳои бачагона истифода мебаранд. Парна дар қадимтарин давраҳо барои баромадан ба пояҳои биноҳои баланд (кӯшк, каср, қалъа) ё аз як ошёнаи бино ба ошёнаи дигар истифода мешуд.

Осори Парна дар бисёр биноҳои томусуломонии Осиёи Миёна, аз ҷумла дар аксари биноҳои Панҷакент, Шаҳристон ва Исфара ёфт шудааст. Ҳамаи онҳо гирдогирди сутуни марказии чоркунҷа давр зада боло мераванд ва ошёнаи якумро бо ош­ёнаи дуюм ё боми бино мепайванданд. Дар кӯшки Чилҳуҷра (Шаҳристон) Парнае ёфт шуд, ки ба худ назир надорад. Дар Парнаи Чилҳуҷра сутуни марказӣ мудаввар аст ва якуним гардиши Парна ба ошёнаи ду­юм, якуним гардиши дигари он ба боми бино мебарад. Парна бо равоқ пӯшида шуда, болои равоқи гардиши поёнӣ чун замини гардиши болоӣ хизмат мекунад. Гарчи Парнаи Чилҳуҷра аз похса ва хишти хом аст, вале хеле мустаҳкам буда, то имрӯз барҷост. Дар асрҳои баъдина ин гу­на иншоот дар шакли зинаи печон дар дохили манораҳо ва пештоқи биноҳои калон истифода шудааст.

Ад.: П у л а т о в У. П., Чильхуджра (Материальная культура Уструшаны. нмп. 3). Д., 1975; П У л о д о в V, Санъ- ати меъмории хални точи к, Д., 1978.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …