Маълумоти охирин

Парменид

Парменид (Parmenides) аз Элей, дар Италияи Ҷанубӣ (таваллуд тақрибан 540 то милод, соли вафоташ номаълум), файласуфи Юнони Қадим, намояндаи мактаби элей (нигаред Мактабҳои фалсафӣ). Ба воситаи Ксенофан бо Анаксимандр ва тавассути Аминий бо пифагореизм робитаи ғоявӣ дошт. ­Ғайр аз фалсафа ба қонунгузорӣ машғул буд. Моҳияти мавқеи фалсафии Парменид иборат аз он аст, ки вай дар байни тафаккуру ҳиссиёт ва вобаста ба он байни олами маърифати ҳиссӣ ҳадди принсипиалӣ мегузорад. Ин кашфиё- ти ҳақиқии фалсафии Парменид буд.

Барои Парменид тафаккур ва мувофиқаи олами даркшаванда (ақлрас) пеш аз ҳама «ваҳдат» аст. Ӯ «ваҳдат»-ро ҳамчун ҳастӣ, абадият ва беҳаракатӣ, якҷинсӣ, тақсимнопазиру такмилёфта тавсиф намуда, ба ташаккул ва тағйир муқобил мегузорад. Ба ақидаи ӯ, барои худо танҳо имрӯза, ҳозира вуҷуд дорад, на гузаштаю оянда. Парменид яке аз аввалинҳо шуда ғояи айнияти дастӣ ба маънии васеи фалсафиаш ва тафаккурро ба миён гузоштааст, «фикр рондан ва мавҷуд будан дар ду як чиз аст».

Парменид бар хилофи ақидаи қадима, ола­ми махсусро инкор намекард, вале исбот кардани мешуд, ки барои дарки фалсафию илмии он эҳсос кам аст. Ақлро меъёри ҳақиқат дониста, эҳсосотро аз сабаби носаҳеҳ буданаш рад мекард. Парменид олами махсусро дар руҳияи натурфалсафаи ибтидоии Юнон ҳамчун омезиши оташу хок, рушноию торикӣ, гармию хунукӣ, тунукию гафей, сабу кию ваашгнй таъбир мекард.

Ад.: Мандес М. И., Элеаты. Фило­логические разыскания в области исто­рии греческой философии, Одесса. 1011. ПАРНИК, ниг. Пapвapдaxoнa.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …