Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пармакунии замин

Пармакунии замин

Пармакунии   з а м и н, просесси ба шакли мудаввар кандани чуқуриҳо (пармачоқ, шурф, баъзан шурф ва шахтаҳо)-ро гӯянд. Пармакунӣ бо мақсади омӯхтани сохти геологии қишри Замин, ҷустуҷӯ, инкишоф ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин тадқиқоти ин­женерию геологӣ гузаронида меша-вад. Бо ёрии афзори махс ус и Пармакунӣ нақбро батадриҷ канда, ҷинси кандашударо ба берун мерезанд. Баъзан ба деворҳои пармачоҳ гулбаҳои муҳофизро насб карда, роғаҳои байни девору гулбаро сементпӯш мекунанд. Пармакунӣ ду хел мешавад: механикӣ (ҷинсро бо ёрии афзоли парма мекананд) ва ғ а й р и  м е х а н и к ӣ (ҷинс ба тарзи термикӣ, таркониш на ғайра вайрон карда мешавад). Пармакунии механикӣ ду хел аст: зарбатӣ ва чархзананда.

Ҳангоми Пармакунии зарбатӣ снаряди пармакунӣ, ки аз искана ва чанд олатии дигар иборат аст, ба ҷинс бо зарб ғӯтида, онро вайрон мекунад. Снарядро ба воситаи симтаноби пӯлодӣ ё худ штанга ба нармачоҳ ме- фуроранд. Ҷинси кандашуда бо оби нақб даромехта, ба хамира (пулла) табдил меёбад, ки онро баъд бо но­ваи махсус ба берун бароварда мерезанд. Просесси бо ғулбаҳои муҳофиз мустаҳкам кардани девори пар­мачоҳ ин тавр сурат мегирад: агар Пармакунӣ барои ҷустучӯи об гузаронида шавад, ба гирдогирди пармачоҳ пас аз кандани чуқурии муайяне гулбаҳои муҳофиз мегузоранд; ҳанго­ми иктишофи конҳои пошхӯрдаи сарватхои зеризаминӣ бошад, аввал гулбаҳои муҳофизро ба нақб кӯфта, сонӣ ба коркарди ҷинсҳои дохили гулба шурӯъ мекунанд.

Дар вақти Пармакунии чархзаванда кандани ҷинс якбора дар тамоми масоҳати нақб давом мекунад. Исканан чархзанандае, ки ба нӯги гулбаи пармакунӣ шинонда шудааст, ҷинсро кафонда майда мекунад. Ва­ле просесси Пармакунии сутунчагӣ (колонкагӣ) каме дигартар аст: ба воситаи тоҷпармае, ки дар нӯгаш метинқалам ё худ алмос дорад, ҷинсҳои нарм ва ё сахтро ҳалқавор бурида мегиранд. Ҷинсҳои даруни сутунчаро, ки ба силиндр монанд буда, керн ном дорад, дар берун холӣ карда, ба мақсади тадқиқот истифода мебаранд. Баъзан ҳангоми пармакунии ҷинсҳои сахту матин ба зери тоҷ сочмаи чӯянӣ ё пӯлодиро рехта, нақб мекананд. Ҷинси майда кардашуда (шлам)-ро ба воситаи моеот (об, маҳлулҳои гилӣ ва силикатӣ, оҳанкоб, инчунин маҳлулҳои нефтдор, баъзан эмулсия) берун мерезанд.

Пармачохҳое, ки бо усули сутунчагӣ канда мешаванд, 2—3 километр чуқурӣ дошта, диаметрашон то ба 150 миллиметр мерасад. Нақби яклухтро асосан ба мақсадҳои техникӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мекананд. Ба­рои истихроҷи нефту газ пармачоҳҳои аз ҳама чуқур (то 8—9 километр) кан­да мешаванд. Дар СССР барои омӯхтани сохти геологии мантияи болоии Замин бо ёрии мошини «Уралмаш- 15000» ду пармачоҳ канда истодаанд, ки чуқурии ҳар кадоме то ба 15 километр мерасад. Ин қабил чоҳҳоро ба таври амудӣ  мекананд. Баъзан аз як чоҳи амудии кандашуда таҳти кунҷҳои гуногун (одатан дар қаъри баҳр ва маҳалҳои релефашон мураккаб) боз чанд чоҳи моил мекананд, Пармакунӣ таърихи басо қадим дорад.

Ҳанӯз 4 ҳазор сол то милод мисриён ба­рои сохтани пирамидаву аҳромҳо парма чоҳҳо кандаанд. Хитоиён низ 2 ҳазор сол пеш аз ин барои гирифтани намакобҳо аз Пармакунӣ истифода бурдаанд. Дар он ҷо пармачоҳҳои диаметрашон 12—15 сантиметр ва чуқуриашон 900 метр кофта мешуданд. Дар Россия ҳам аз пармачоҳҳо бори аввал барои гирифтани намаки ош истифода бурдаанд. Дар асри 12 дар наздикии шаҳри Кост­рома конҳои намак мавҷуд буданд ва намакобхоро аввал ба воситаи чохҳо ва сомитар пармачоҳҳо берун меоварданд. Ёфт шудани конҳои сершумори нефт боиси ривоҷ ёфтани Пармакунӣ гардид. Ҳозир барои Пармакунӣ таҷҳизоти навтарини замонавиро ба кор меба­ранд.

Адабиёт: К у л и ч и х л и Н. И., В о з д-яиженскхй Б. И., Разведочное буре­ние М., 1966; Есин Н. Н., Пневмати­ческие машины ударного действия для бурегапя шпуров. Новосибирск. 1978: Электромагнитные молоты, Новосибирск. 1979.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …