Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пармакунӣ

Пармакунӣ

Пармакунӣ, 1) д а р   коркарди металл — просесси бо парма сӯрох кардани масолеҳи металлист. Масолеҳро дар дасттохҳои пармакунӣ, харротӣ, агрегатӣ ва ғайра, инчунин бо ёрии мошинҳои пармакунии дастӣ парма мекунанд. Бо парма сӯрохҳое ҳосил мекунанд, ки дараҷоти ҳақиқиашон 4—5 аст. Сӯрохҳои дараҷоти дақиқиашон аз ин баландро бо коркарди минбаъдаи онҳо ҳосил мекунанд. Дар вақти Пармакунӣ ду намуди ҳаракат: ҳаракати а с осӣ(чархзанӣ) ва ҳ а р а к а т и д и х и ш (пешравӣ) ба амал меояд.

Дар мавриди дар дастгоҳи пармакунӣ сӯрох карда шудани масолеҳ ҳар ду наму­ди харакатро парма ба ҷо меорад, дар дасттоҳои дигар бошад, масолеҳи коркардашаванда чарх мезанаду парма пеш меравад. Ҳангоми Пармакунӣ режими буриш аз рӯи суръати буриш v (суръати даврагии нуқтаи аз меҳвари парма дуртарини теғи бурандаи он, метр/дақиқа) ва бузургии д и ҳ и ш s (кӯчиши тирии парма дар дар як даврзанӣ миллиметр/гард) муай­ян карда мешавад.

Ҳосилнокии Пармакунииро вақти  а с ос и и технологӣ Т0= L/ns дақиқа (L — кӯчиши парма дар самти диҳиш, миллиметр; п—басомади чархзании парма, гард/дақиқа) муайян мекунад, 2) дар коркарди чӯб — просесси бо парма сӯрох кар­дани чӯб ва масолеҳи чӯбист, инчунин коркарди комаҳо, чуқурчаи дандонаҳо ва ғайра. Дараҷоти дақиқӣ дар ин вақт аз рӯи диаметр ба 2—3, аз рӯи умқи сӯрох ба 3—4 мерасад. Басомади чархзании парма ҳангоми сӯрох кардани чӯб 3000—12000 гард/дақиқа, бузургии диҳиш аз 0,1— 0,5 миллиметр /гард (барои чӯбҳои сахт) то 0,7—2,2 миллиметр /гард (барои чӯбҳои нарм) мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …