Главная / Техника / Пармачок

Пармачок

Пармачок, чоҳи мудавварест, ки ба воситаи дастгоҳи махсуси парма хафр шуда, беш аз 5 метр чуқурӣ ва 75—390 миллиметр диаметр дорад. Пармачоқ мустақим ва моил мешавад. Пармачоқ аз даҳони чох, қаър ва танаи он иборат аст.

Ҳоло амиқтарин Пармачоқ дар нимҷазираи Ко­ла беш аз 11 километр чуқурӣ дорад, минбаъд ҷуқурии Пармачоҳҳо аз ин ҳам зиёд хоҳад шуд. Якчанд навъи Пармачоқ мавҷуд аст: интишофӣ (барои кофтукови сарватҳои зеризаминӣ), истифо­дабарӣ (истихроҷи нефту газ, обҳои зеризаминӣ ва ғайра), ёрирасон, махсус, таркониш ва ғайра

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

otashkushak

Оташкушак

Оташкушак, аппарати дастиест барои фурӯнишондани сӯхтор. Дар натиҷаи реаксияи байни маҳлулҳои кислота ва ишқор (ҳангоми …