Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пармачии олуболу

Пармачии олуболу

Пармачии олуболу, ҳашароти пардаболест, ки ба растаниҳои мевадор зарар мерасонад. Махсусан Пармачии олуболуи луобдор ва почасафед, ки дар ҳамаи материкҳо вомехӯрад, бештар зарар меорад. Дар СССР қариб дар ҳама ҷо дучор меояд. Пармачии олуболуи л у о б д о р (Caliroa limacina) 4—5 миллиметр ва сиёҳранг аст. Дар СССР аз он беш­тар олуболу, г ел ос, о л у, олуча, нок ва биҳӣ зарар мебинад. Соле 1—3 маротиба насл медиҳад. Кирминааш мағзи баргро хӯрда, рагча ва эпи­дермиси пушти онро намехӯрад.

Пармачии олуболуи почасафед (Cladius pallipes) ба бисёр растаниҳо, махсусан ба олуболу, гелос, олуча, ғубайро, нок, тамашк, тути заминӣ ва ғайра за­рар мерасонад. Соле 2—4 маротиба насл медихад. Кирминааш баргро хӯрда, дар шакли гирда сӯрох мекунад. Ҳангоми хурӯҷ Пармачаи оуболу тамоми барги растаниро мехӯрад. Чораҳои мубо риза: ба растаниҳо пошидани инсектисидҳо, тирамоҳ замини атрофи бехи растаниҳоро шудгор мекунанд. Нигаред низ Нармачӣ.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …