Маълумоти охирин

Пармачӣ

Пармачӣ, номи умумии се оилаи ҳашароти пардаболро гӯянд: Пармачии ҳақиқӣ (Tenthredinidae), Пармачии тортанак (Pamphiliidae) ва поягӣ (Сеphidae). Зиёда 5 ҳазор намуд дорад: дар СССР қариб 1500 намуд, бештар сокини минтақаи бешаанд. Кирми нам ҳамаи Пармачиҳо ва аксар намудҳои Пармачии болиғ алафхӯранд, баъзеашон дарранда. Прмачии модина одатан бофтаи нарми растаниро пешакӣ парма карда, як той тухм мегузорад (номаш ҳам аз ҳамин ҷост).

Баъзе Пармачиҳои тортанак дар сатҳи сӯзанбарг туда- туда тухм мегузоранд. Кирминаи Пармачиҳои ҳақиқӣ зоҳиран ба кирминаи шапалакҳо монанд буда, аз онҳо бо шумораи зиёди қалбакпойҳои шикамаш (6—8 ҷуфт) фарқ мекунад. Кир- минаи Пармачии тортанак тӯда-тӯда зиндагӣ мекунанд, дар кадом туда тортанакхонаи муҳофиз месозад; онҳо дар шикамашон пойчаҳо надоранд пойчаҳои синаашон нағз инкишоф ёфтаанд. Пармачиҳои поягӣ дар пояи растаниҳои хӯшадор ё дар шохчаҳои навраси дарахту буттаҳо пинҳон афзоиш меёбанд; кирминаи онҳо беранг буда, пойчаҳои синаашон инкишоф наёфтааст. Аксар намудҳои Пармачӣ дар хок зоча (ғумбак) мешаванд.

Ҳамаи Пармачӣ каму беш ба растании зарар мерасонанд. Пармачиҳои ғалла (Cep- bus) ба зироати хушадор, Пармачии тортанаки ситорашакл (Acantholyda stellata), Пармачии тортанаки сарсурх (A. erythrocephala) ва Пармачии санавбар (Diprion pini) ба санавбар, Пармачии луобдори олуболу (Caliroa limacina), Пармачии зарди бектошӣ (Pterodinea п’Ъе- sii) ва ғайра ба бугттаву дарахтони мева бештар зарар мерасонанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …