Маълумоти охирин

Парма

Парма, афзори буррандаест, ки масолеҳи яклухтро сӯрох ва ё сӯрохи мавҷударо васеъ мекунад. Навъи маъмултарини он — Пармаи винтӣ (дар коркарди металл) милаест, ки аз қисми бурранда, қисми корӣ ва думча (раоми 1) иборат аст. Парма тавассути думчааш ба патрон ё шпин­дели дастгоҳи пармакунӣ маҳкам карда мешавад. Диаметри Пармаҳои винтии стандарт» (D) аз 0,25 то 80 миллиметр мешавад. Параметрҳои асосии геометрии Пармаҳои винтӣ инҳоанд:

Расми 2. Кунҷхои пармаи винтии ме­таллбур.

кунҷи моилии ҷӯякҳои виншакл со, кунҷи назди қулла 2ф, кунҷи моилии теғи буррандаи бар V, кунҷи оқиб а( кунҷи пеш Барои тамоми диапазони диаметрҳои Парма қиматҳои ин параметрҳо чунинанд: oj = 18— —Э(Г, 2ф=80—140°, V = 47—55°, а =

tc.w tit

=8—14°, ley = ^ —(dr — ДИ-

диаметри қисми буррандаи Парма дар нуқтае, ки барои он кунҷ муайян карда мешавад. Парма дар як вақт дар ду ҳаракат — чархзанӣ ва пешравӣ иштирок мекунад. Пармаро аз пӯлоди легиронидашуда, пӯлоди тезбур тайёр мекунанд ё ба қисми бурандаи он пайконеро аз хӯлаҳои сахт мешинонанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …