Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Паритет

Паритет

Паритет дар и қ т и с о д и ё т, таносуби байни воҳидҳои пули мамлакатҳои гуногун. Дар давраи муомилоти тилло (нуқра) хамчун пул ва ҳан гоми озодона ба пули коғази иваз намудани тилло (то Ҷанги якуми ҷаҳонии 1914—18) таносуби байни манотҳои хориҷӣ аз рӯи миқдори тиллои холис (нуқра)-и вохидҳои пули мамлакатҳои гуногун ҳамчум Паритети монета (танга) истифода мешуд, Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар шароити ба тилло иваз нашу- дани пули қоғазӣ Паритети монета бо Паритети манот иваз карда шуд. Вай таносуби манотро ба миқдори тиллое, ки давлат ба воҳидҳои пулии милли махсус муқаррар кардааст, акс мекунад.

Тағйироти Паритети манот бо мақсади ба ҳам мутобиқ кардани қобилияти харидории маноти миллӣ бо қобилияти харидории дигар манотҳо гузаронида мешавад. Таносуби байни маноти мамлакатҳои -мухталиф дар заминаи баробарии қувваи ха­ридории онҳо нисбат ба молҳо асос меёбад ва Паритети қувваи харидори ма­нотро ифода мекунад. Дар бозори манот мубодилаи манотҳо на аз рӯи маноти Паритет, балки мувофиқи қурби манот, ки он вобаста ба талаботи бозор нисбат ба ин ва ё он манот тағйир меёбад, гузаронида мешавад. Дар давраи бӯхрони манот ин тағйирот боз ҳам шиддат меёбад.

Дар шароити иқтисодиёти сотсиалистӣ Паритети манот дар асоси план вобаста ба арзиши тиллоии манот ва қобилияти харидории маноти миллӣ дар бозори дохилӣ ва байналхалқӣ аз тарафи давлат муқаррар карда мешавад. Қурби маноти миллии мамлакатҳои сотсиалисти танҳо нис­бат ба маноти мамлакатҳои капиталистӣ тағйир меёбад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …