Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паррандаҳо

Паррандаҳо

Паррандаҳо (Aves), як синфи ҳайвонҳои мӯҳрадор. Аз ҷиҳати пайдоиш ва баъзе аломатҳо ба хазандаҳо наздиканд. Аҷдоди Паррандаҳо псевдозухҳо — хазандаҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар давраҳои триасн поён умр ба cap бурдаанд; онҳо бо пойҳои қафо ҳаракат мекарданд. Паррандаҳо аз ҷумлаи ҳайвоноти дупои тухмгузор мебошанд. Ҳамаи Паррандаҳо парвоз мекунанд; фақат пингвин, шутурмурғ ва баъзе Паррандаҳои дигар қобилияти парвозро гум кардаанд. Скелети Паррандаҳо сабуку сахт аст. Пойҳои пешашон ба бол табдил ёфтаанд ва пойхои қафояшон бошад, вобаста ба тарзи ҳаёт ҳархел инкишоф ёфтаанд.  Танашон бо пар пӯшида шудааст. Пӯсташон тунук буда, ғадуд надорад.

Мубодилаи моддаи Паррандаҳо интенсивӣ (бошиддат), ҳарорати баданашон доимӣ ва нисбатан баланд (37,8—45,5*42) аст. Аксари Паррандаҳо вобаста ба давраҳои алоқаи ҷинсӣ ва фаслхои сол ранги худро тағйир медиҳанд. Пар ва пардаи шохини нӯлу пояшон мунтазам (одатан со­ле як маротиба) дар вақти тулак нав мешаванд. Сохти скелети Паррандаҳо ба­рои парвоз мувофиқ шудааст, Му шакҳо, хусусан мушакҳое, ки ба парвоз ёрӣ медиҳанд, тараққӣ кар­даанд. Ҷоғи Паррандаҳои ҳозира дандон надорад; вай бо халтаи шохин иҳота буда, нӯл ҳосил менамояд. Системаи нафас аз бронхҳо, шуш ва 9—10 халтаи ҳавоӣ иборат аст. Халтаи ҳа­воӣ дар Паррандаҳои хушкигард ҳароратро танзим мекунад» дар Паррандаҳои обӣ бо­шад, вазни хоси онҳоро ҳангоми ба об ғӯтазанӣ тағйир медиҳад. Шиддати хуни Паррандаҳо ба бузургии нисбии хаҷми дил (хусусан, дар Паррандаи хурд) ва суръати задани он вобаста аст (масалан, дили баъзе Паррандаҳои майда дар як дақиқа то 1000 маротиба мезанад).

Системаи ҳозимаи Паррандаҳо аз с урхруда (кадаме, ки баъзан ҷоғар дорад), меъда, рӯдаҳои борику ғафси ба мақъад кушодашаванда иборат аст. Паррандаҳо мағзи сари хуб инкишофёфта, узвҳои босира, шунавоӣ ва ҳиссиёти мувозинат доранд. Паррандаҳое, ки дар ғорҳои торик лона мегузоранд, дар торикӣ ба воситаи эхолокасия мавқеи худро муайян карда метавонанд. Афзоиши Паррандаҳо даврӣ буда, дар асоси инкишофи мавсимии ғадудҳои ҷинсӣ аз таъсири омилҳои дохилӣ (гормонӣ) ва берунӣ ба амал меояд. Паррандаҳо барои лонагузорӣ ҷойҳои гуногун (аз бешаҳои тропикӣ то яхзорҳои Антарктика)-ро интихоб мекунанд. Лонаи Паррандаҳо низ гуногун аст. Паррандаҳо дар мавсим аз 1 (лирохвост) то 20 дона ва бештар (мурғҳо) тухм мегузоранд.

Муддати пахш кардани тухм низ дар Паррандаҳои гуногун ҳар хел аст. Паррандаҳо дар ҳамаи минтақаҳои табиӣ (аз би- ёбонҳои арктикӣ то бешазорҳои тропикию аз сатҳи баҳр то кӯҳҳои ба­ланд) паҳн шудаанд. Онҳо аз рӯи мақоми зист муқимӣ ва мавсимӣ ме­шаванд. Паррандаҳои мавсимӣ вобаста ба шароити табиӣ макони худро дигар карда меистанд (Нигаред Кучи паррандаҳо). Дар айни замон қариб 8600 намуди Паррандаҳо, ки ба 28 ҳатор (шутур­мурғ, пингвин, фламинго, мурғ, чуғз, гунҷишк ва ғайра) тадқсим мешаванд, маълум аст. Дар байни онҳо қатори гунҷишкҳо нисбатан калон буда, зиёда аз 5000 намудро дар бар мегирад. Дар олами ҳайвоноти СССР қариб 750 ва дар Тоҷикистон 350 наму­ди Паррандаҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар байни Паррандаҳои Тоҷикистон ғози кӯҳӣ, лочин, мурғи ҳилол барин Паррандаҳои но- дир мавҷуданд.

Паррандаҳо дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти калон доранд. Онҳоро аз қадимулайём барои гӯшт, пар ва ғайра шикор мекунанд. Баъзе Паррандаҳоро одам ром карда, аз он зотҳои бисёри мурғ, мурғобӣ, мурғи мар- кафтарҳо ва ғайра ба вуҷуд овардааст. Паррандаҳо растаниҳоро заҳролуд ва тух- ми онҳоро паҳн мекунанд. Онҳо тухми растамиҳои худрӯй, ҳашароти зараррасон ва хояндаҳоро хурда фоидаи калон меоваранд. Баъзе Паррандаҳо ҳашароти фоиданокро маҳв, лонаи Паррандаҳои шикорбобро вайрон, чӯҷаҳои онҳоро қир карда, ба хоҷагии халқ зарар мерасонанд, дигарашон паҳнкунандам бемориҳо мебошанд. Масалан, каргас, зоғ беморин сӯхтаниро, кафтарҳо бошанд бемории орнитозро паҳн мекунанд. Қисмати зоология, ки Паррандаҳоро меомӯзад орнитология номида мешавад.

Тасвир дар саҳифаи 272—273.

Адабиёт: Жизнь животных, том 5, Москва. 1970; Пи т е р о о н Р„ Птицы, Москва, 1973.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …