Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Параллакси солона

Параллакси солона

Параллакси солонаи ҷ и р м и  осмонӣ, кунҷи хурди ба чирм наздики секунҷаи расткунҷае, ки гипотенузаи он масофаи байни Оф­тобу ҷирм буда, катети хурдаш нимтири калони мадори Замин аст. Лағжиши параллаксии (солонаи) ҷирмҳо дар натиҷаи гардиши Замин дар атрофи Офтоб ба амал меояд. Параллакси солона бо ду ченкунни координатаҳои геосентрии ситора дар ду нуқтаи мадори Замин (яке тақрибан пас аз ним со­ли дигар) муайян карда мешавад. Параллаксҳое, ки ба ин тариқ муай­ян шудаанд, параллакси тригонометрӣ ном доранд.

Бо ин тарз фақат Параллакси солонаи наздиктарин ситораҳоро ёфтан мумкин аст, зеро хурдтарин кунқҳое, ки онҳоро бо усулҳои астрометрӣ чен кардан имконпазир аст, тақрибан 0,01″ мебошанд (Параллакси солонаи ситораҳо барои муайян кардани масофа ба кор меравад). Масофае, ки мутобиқи ЛПараллакси солонаи М’ аст, парсек ном дорад. Параллакси солона ба масофа то ситора бо таносуби тақрибии г = 1/П алоқаманд аст, ки ин ҷо П — Параллакси солонаи бо сонияҳои ка­нон, г—масофаи бо парсек ифодаёфта мебошад. Параллакси солонаи ситораи ба Системаи Офтоб наздиктарин — Проксимаи Кентавр 0,76″ аст, ки ба ма­софаи 1,32 пс мувофиқ меояд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …