Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Параллакси асрӣ

Параллакси асрӣ

Параллакси асрӣ, ҷойивазкунии кунҷии (солонаи) ситора дар гунбади осмон, ки натиҷаи ҳаракати системаи Офтоб асту дар самти нисбат ба ин ҳаракат амудӣ ба амал меояд. Параллакси асрӣ аз рӯӣ ҷойивазкунии параллаксии бо мурури замон бефосила афзоянда муайян карда меша­вад.

Азбаски ситораҳо ҳаракати хоса доранд, Параллакси асриро фақат статистӣ нисбат ба тарокуми ситораҳо муайян кардан мумкин аст. Параллаксҳои асриро дар астрономияи ситорагӣ истифода мебаранд. Бо ёрии он масофаҳои нисбатан дуртареро, ки бо усули параллакси солона му­айян кардани онҳо имкопнопазир аст, чен кардан мумкин.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …