Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Парагвай

Парагвай

Парагвай (Раraguay), дарёест дар Бразилия ва Парагвай, шохоби  рости дарёи Парана. Тӯлаш 2200 км (аз рӯи маълумотҳои дигар 2500 км); масоҳати ҳавзааш 1150 ҳазор км2. Аз қисми шимолу ғарбии паҳнкӯҳи Бразилия оғоз ёфта, ба самти Ҷ. ҷорӣ мешавад, пастхамии васеи ботлоқзори Пантанал ва қисми пастии  Гран-Чакоро бурида мегузарад. Бари дарё дар ҷараёни миёна 350—1 600 м, поёнӣ то 1000—1500 м; чуқуриаш 10—20 м.

Дар мавсими боронгарӣ (октябр— апрел) дарё медамад. Сарфи солонаи об дар наздикии шаҳри Асунсон ба ҳисоби миёна 2940 м8/сон, дар наздикии резишгоҳ қариб 4000 м3/сон. Шохобҳои асосиаш:  аз рост: Рио-Берде, Пилкомабо ва Рио-Бермеҳо. То шаҳри Корумба киштигард. Киштиҳои баҳрӣ то шаҳри Асунсои рафтуо мекунанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …