Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Парагнейс

Парагнейс

Парагнейс (аз пара… ва гнейс), ҷинси кӯҳии метаморфиест, ки дар қаъри қишри Замин дар натиҷаи тағйир ёфтани ҷинсҳои таҳшинӣ ба вуҷуд меояд. Асосан ҷинсҳои терригенӣ (регсанг, алевролит, варақсангҳои гилӣ ва ғайра) аз таъсири фиҳори зӯр ва ҳарорати баланд хусусиятҳои физикию химиявии худро тағйир дода, ба арагнейс табдил меёбанд.

Парагнейс дар таркибаш квартс, шпатҳои даштӣ ва минералҳои дигар (андалузит, силлиманит, дистен, ставролит, кордиерит, турмалин ва ғайра) дорад. Омӯхтани таркиби Парагнейс ва муайян кардани миқёси паҳншавии он барои ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминии метаморфӣ ёрӣ мерасонад. Дар Тоҷикистон Парагнейс бештар дар Помири Ғарби ва қаторкӯҳҳи Қаротегин вомехӯрад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …