Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Парадоксов Леонид

Парадоксов Леонид

Парадоксов Леонид Фёдорович (апрели 1890, деҳаи Тимашево, ҳозира вилояти Куйбишеви РСФСР —26. 8. 1954, Душанбе), офталмологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1951), профессор (1952), аъзо- корр. АФ РСС Тоҷикистон. (1951), Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Духтури Хизматнишондодаӣ РСС Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз соли 1944. Соли 1921 факултети тиббии Университети Осиёи Миёнаро хаим кардааст.

Солҳои 1920—1925 орденатори клиникаи бемориҳои чашм (Тошкент). Аз соли 1925 дар муассисаҳои гуногуни Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии РСС Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1942 мудири шӯъбаи бемориҳои чашми Беморхонаи республикавӣ, мудири кафедраи бемориҳои чашмӣ Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ва аз соли 1949 то вафоташ сарокулисти республика буд.

Парадоксов яке аз аввалин ташкилкунандагони ёрии тиббӣ дар Тоҷикистон аст. Бо ташаббуси ӯ диспансери трахоматозии реслубликавӣ, шӯъбаи бемориҳои чашми Беморхонаи республикавӣ ва клиникаи бемориҳои чашм ташкил карда шуданд. Парадоксов ба районҳои гуногуни республика экспедитсияи тиббию санитарӣ ташкил карда, патологияи кишварин Тоҷикистон — нобиноӣ, конъюнктивити эпидемӣ, трахома, нағзак ва бемориҳои дигарро ҳарҷониба омӯхтааст.

Парадоксов муаллифи қариб 50 асари илмист, ки асосан ба масъалаи пешгирӣ, ташхис ва табобатӣ (аз ҷумла ҷарроҳии) бемориҳои чашм оиданд. Парадоксов ташкилкинанда ва раиси (то охири ҳаёташ) Ҷамъияти республикавии офталмологҳо буд. Аз соли 1954 клиникаи бемориҳои чашми назди Институти давлатии тиббии Тоҷикистон номи Парадоксовро дорад. Парадоксов аъзои КИМ-и РАСС Тоҷикистон. (даъватҳои солҳои 1929 ва 1930), депутати Совета Олии РСС Тоҷикистон. (1947» 1951) буд. Бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Мероприятия по борьбе с глаз­ной заболеваемостью в Таджикской ССР. «Здравоохранение Таджикистана»», 1939. >43(8); Краткий справочник по глаз­ным болезням, Сталинабад, 1943; Эпиде­мический КОНЪЮНКТИВИТ, М., 1952 (ХвМ- ро*и А. С. Зимин ва В. Т. Механни- кова.)

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …