Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Парадигма

Парадигма

Парадигма (аз юн. рparadeigma— намуна, мисол), системаи шаклҳои мухталифи як калима, ки шакливазкунии онро аз рӯи категорияҳои грамматикии ба он хос (аз рӯи ҷинс, шумора, падеж тағйир ёфтани исмҳо; шахсу шумора дар феълҳо) ифода менамояд; нақши урати) тағйирёбии калима мувофиқи категорияҳои грамматикӣ — тасрифи исмҳо, таорифи феълҳо. Шаклҳои воҳидҳои забон ва маънои онҳо дар Парадигма зоҳир мешавад. Маънои грамматикӣ бошад ба воситаи ҷузъи ҷудогонаи Паралигма ифода меёбад.

Масалан, категорияи номуайяниву шумора дар исм (хона — хонае, хона — хонаҳо), дараҷа дар сифат (хуб—хубтар—хубтарин), шахсу шумора дар феъл (мехонам, -и, -ад, -ем, -ед, -анд). Ба Парадигма ягонагӣ ва айнияти асосҳо хос аст. Дар забоншиносӣ онро дар шакли ҷадвалӣ анҷомаҳо ифода мекунанд. Масалан, Парадигмаи калимаи хова ин аст: хонаҳо, хонае, хонаи, хонаро, хонаам (-ат, -аш, -амон, -атон, -ашон). Парадигма ва муносибатҳои парадигматикӣ дар ҳама қиемҳои забон — фонетика, морфо­логия, синтаксис инчунин семасио­логия, лексика, қадимасозӣ ва ғайра дида мешаванд. Масалан, 1) Парадигмаи фоне­ма — маҷмӯи тобишҳои қонунии фо­нема мебошад, ки ба ҳолатҳои гуно­гуни фонетикӣ (мавқеи зада, сохти ҳиҷо ва ғайра) вобаста аст.

Аз он ҷумла, фонемаи и дорои вариантҳои гуногун — кушод (дарозӣ), пӯшида (сиёҳ), ақибизабонӣ (хирмаи), ноустувор (шитоб), устувор (тира) ва ғайра мебошад; 2) Парадигмаи морфема; роҳбар — раҳбар, медиҳам — деҳ; 3) Паралигмаи лек­сикӣ:        тифл  —        кӯдак — наврас — ҷавон; 4) Парадигмаи семантикӣ: мактаби миёна — (мактаби маҳорат — мактаби забоншинонӣ; 5) Парадигмаи калимасозӣ: подабон—колхозчӣ—оҳангар—омӯзгор; 6) Парадигмаи морфологӣ: гӯям — гӯй— гӯяд—гӯем—гӯед—гӯянд. Дар Парадигмаи морфологӣ асоси шаклҳои грамматикии як калима монандии маънои лу­ғавӣ ва сохти муайяни грамматикӣ дорад. 7) Парадигмаи синтаксисӣ: Аҳмад хонд — Аҳмад хонда истодааст — Аҳмад мехонад. Интихоб ва истифодаи ҷузъҳои Парадигма (аз тарафи гӯянда ё нависанда) ба шароити нутқ ва мақсади мубодила (коммуникатсия) марбут аст. Дар забоншиносии муосир масъалаи Парадигма, парадигматика ва синтагматика мақоми махсусе доранд. Он бар таълимоти Фер­динанд де Соссюр оид ба мувосибатҳои парадигматикии байни воҳиддон забон (дар хотири одамон) ва синтагматикӣ — паиҳамӣ (дар ҷараёни нутқ) асос ёфтааст.

Ад.: Солнцев В. М., Язык как си­стемно-структурное образование. М., 1971; Березин Ф. М., Головин Б. П., Общее языкознание. М.. 1979.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …