Маълумоти охирин
Главная / Илм / Параболоидҳо

Параболоидҳо

Параболоидҳо (аз  парабола ва юн. eidos — шакл, намуд), сатҳҳои номаҳдуди тартиби дуюм, ки марка надоранд. Ду намуди Параболоидҳо вуҷуд дорад; Параболоидҳои эллипсӣ ва параболоиди гиперболӣ. Аз 5 навъи асосии сатхҳои тартиби дуюм дутоаш Параболоидҳо мебошад. Хат­ҳои буриши Параболоидҳо бо ҳамвориҳои гуногуни фазо гипербола, парабола ва хатҳои рост мебошанд.

Аз ҳар як нуқтаи Параболоиҳои гиперболӣ ду ташкилдиҳандаи ростхатта мегузарад ва аз ин рӯ он сатҳи рах-рахро мемонад. Ба­рои Параболоидҳои эллипсӣ ҳамвориҳое мавҷуданд, ки онро намебуранд. Агар ҳамворӣ ва Параболоиҳои эллипсӣ ҳамдигарро буранд, хати буриш ё эллипс ва ё па­рабола мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …