Маълумоти охирин

Пар

Пар, найчаҳои бо мӯяк ва тибит фарогирифта шудаеро гӯянд, ки тану боли паррандаҳоро мепӯшонанд. Пар якчанд хел мешавад: тарҳдор, риштамонанд, патенмо, пат ва мӯяк. Пари т а р ҳд о р аз тир ва 2 бодбезак иборат аст. Қисми поёни тир ковок буда, бодбезак надорад; қисми боқимондаи тир ӯзак дорад. Ӯзак аз бофтаи шоҳии масомадор таркиб ёфтааст. Бодбезак аз торҳои дароз ибо­рат буда, бо ҳам ба воситаи торчаҳои майда пайваст шудаанд. Пари  тарҳдор дар бол, дум ва тани парранда мешавад.

Танаи Пари риштамонанд борику нарм буда, торҳояш хеле кам аст. Пари риштамонанд  одатан дар зери Пари тарҳдор ҷойгир мешавад. Тири Пари патсимо низ хеле борик буда, торҳои он бо ҳам пайваст нашудаанд; ванй баданро аз хунукӣ муҳофизат мекунад. Тири пат кӯтоҳу нарм ва тири мӯяк бе тор аст. Тахмин менунанд, ки мӯяк, чун Пари риштамонанд вазифаи узвҳои ҳисро ҳам адо мекунад. Парро барои болиштҳои пар, мебелҳои нарм ва либосҳои гарм истифода мебаранд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …