Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Папуа Гвинеяи Нав

Папуа Гвинеяи Нав

Папуа Гвинеяи Нав (Рарuа New Guinea), давлатест дар қисми ҷанубу шарқи уқёнуси Ором. Қисми шарқи ҷанубии. Гвинеяи Навро бо ҷазира ва галаҷазираҳои Бисмарк, Соломон, Д, Антркасто, Луизиада, Тробриан, Муруа, умуман тақрибан 200 ҷазираи калону хурдро дар бар мегирад. Масоҳаташ 462,8 ҳазор кма. Аҳолиаш—3 млн нафар (1980) Шумораи аҳолии тағҷой—670 ҳазор, аз он ҷумла 570 ҳазор папуасҳо, 100 ҳазор меланезиҳо, боқимонда австралию европоиҳо ва ғайра. Маркази маъмурнаш — шаҳри Порт-Морсби. Забони расмӣ — англисӣ: Зиёда аз 90% аҳолӣ насронӣ.

Соли 1884 қисми шимолу шарқи ҷазираи Гвинеяи Навро Германия забт кард ва ба он Замини император Вил­гелм ном дод. Дар даврав Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Германияи Навро қушунҳои Австралия ишғол карданд: Қисми ҷанубу шарқи ҷазираи Гвинеяи Нав, ки Папуа ном дошт, аз соли 1684 то 1905 дар тасарруфи Англия буд — аввал чун протекторат (то 1888), баъд чун мустамлика. Соли 1905 ба ихтиёри Австралия гузашт. Ҳукумати Австралия соли 1949 Папуа ва Гвинеяи Навро аз ҷиҳаати маъмурӣ муттаҳид кард. Ба туфайли ҳаракати озодиҳоҳии халқ 1 декабри 1973 Папуа— Гвенеяи Нав истиқлоли дохиӣ ба даст овард ва 16 сенябри 1975 давлати мухтор эълон шуд. Сардори давлат маликаи Британияи Кабир, намояндаи ӯ генерал- губернатор аст (ӯро парламенти Папуа-Гвенеяи Нав ба мӯҳлати 6 сол таъин менамояд). Органи қонунбарор парламенти якпалатаги. Партияҳои асосиаш: Панг у п а р т и. Таъсисаш 1966. П а р тияи х а л қ и и прогрессивӣ. Таъсисаш 1970. Партияи миллӣ. Таъсисаш 1979. Конгресси иттифоқи касаба дорад.

Қариб 40%’ аҳолӣ бо деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул аст. Зироатя асосии хоҷагии қишлоқ норҷил, қаҳва, какао, шолӣ, чой ва ғайра. Соли 1972 мамлакат 95 ҳазор гов дошт. Корхонаҳои саноати чӯбгарӣ ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Сарватҳои зеризаминӣ: мис, оҳан, никел, сурб, малган, платина, тилло, ангишти бур. Роҳи оҳан надорад. дарозии роҳи мошингард —16,2 ҳазор км. Бандарҳои асосии баҳрӣ: Порт- Морсби, Рабаул, Лаэ. Маданг. Аэропортҳо: Порт-Морсби ва Лаэ. Мам­лакат ба хориҷа копра, равғани норҷил, қаҳва, чой, какао, каучук, чӯб, тилло, мис мебарорад ва аз хорқа хӯрокворӣ, нӯшокӣ, тамоку, мошин, таҷҳизот, молҳои саноатӣ мегирад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Британияи Кабир, Австралия, Япония. Воҳиди пул—кина.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …