Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Папирус

Папирус

Папирус, як навъ гиёҳ аст, ки дар давраҳои қадим аз он барои хатнависӣ материал тайёр мекарданд. Дастхати дар ин материал навиштаро низ Папирос гӯянд. Папирос чун материали хатнависӣ дар Мисри Қадим тақрибан дар аввали ҳазораи 3 то мелод ихтироъ гардид ва миёнаҳои ҳазораи 1 то мелод ба дигар мамлакатҳои баҳри Миёназамин низ паҳн гашт. Барои тайёр намудани материали хатнависӣ шохаҳои Папиросро тунук-тунук бурида, паҳлӯи ҳам ду қабат чида, ҳар ду қабатро сахт фишурда ба ҳам мечаспонданд ва мехушконданд. Чанд тахтаи онро нӯг ба нӯг часпонида, лӯла месохтанд. Ҳарчанд ки дар Миср дар асри 8 коғаз бештар истифода мешуд, ин ҷо Папиросро дар асри 9 мелод ҳам ба кор мебурданд.

Матнҳои Папиросро папирусшиносон, мисршиносон, сомишиносон ва дигар меомӯзанд. Папирос муҳимтарин манбаест дар омӯзиши ҳаёти иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсии Мисри Қадим ва олами атиқа. Аз Миср ба ғайр аз Папироси Мисри Қадим ва қибтӣ матнҳои юнонию сомия асрҳои 6—5 то мелод низ ёфт шудаанд.

Ад.: Коростовцев М. А., Введе­ние в египетскую филологию, М.. 1963.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …