Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Папеэте

Папеэте

Папеэте (Рарееtе), шаҳр, маркази маъмурии мулкҳои Франсия дар Уқенусия (Полинезияи Франсавӣ, расман территорияи он сӯи баҳр), дар ҷазираи Таити (ҷазираҳои Ҷамъият). Аҳолиаш 25,3 ҳазор нафар (1971).

Бандари баҳрӣ (ба хориҷа копра, ванил, садаф, меваҳои тропикӣ мебарорад). 3аводҳои қанд ва собунпазӣ дорад. Аз баҳр марворид мегиранд. Маркази ту­ризм.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …