Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Папаскири Иван Георгиевич

Папаскири Иван Георгиевич

Папаскири Иван Георгиевич (таваллуд 25. 12. 1902, деҳаи Кутоли ҳозира райони Очамчири РАСС Абхоз), нависандаи советии абхоз, Ходими Хизматнишондодаи Меданияти РСС Гурҷистон (1968). Аъзои КПСС аз соли 1938. Дар Институти забонҳои шарқии Ленин­град таҳсил намудааст (1928—1929). Асарҳояш аз соли 1926 нашр мешаванд. Дар романаш «Темур» (1937) навсозии деҳоти абхоз ва муборизаи зидди ҳурофот тасвир ёфтааст.

Романҳои «Шарафи зан» (ҷ. 1—3, 1949), «Дар доманаи Эрцаху» (1953), маҷмӯаи «Хикояҳо» (1956) ва дигар асарҳои Папаскири ба табъ расидаанд. Эҷодиёти Папаскири дар инкишофи насри бадеӣ ва забони адабии абхоз роли калон бозидааст. Асарҳояш ба забонҳои халқҳои СССР тарҷума шудаанд. Аъзои Пре­зидиуми Совети Олии РАСС Абхоз. (аз соли 1971). Бо ордени Револютсияи Октябр, 2 ордени дигари ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ос.: Спасение. Роман, Сухуми, 1968; Женская честь. Роман в 3-х кн., Сухуми, 1970; Темыр. Роман, Сухуми, 1972

Ад.: Митин Г., Художник из Апс- ны, Сухуми, 1973.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …