Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Папаи Рим

Папаи Рим

Папаи Рим, ҳокимияти Па­паи Р и м, маркази динии калисои католикист. Ҳокимияти Папаи Рим дар натиҷаи дар мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ паҳн шудани масеҳият ва таъсири калисоя католикӣ ба вуҷуд омад. Барои ҳокимияти калисои католики байни епископҳо (папаҳо)-и Рим муддати дароз муборизаи шадид давом дошт. Барои хақ баровардани ин мубориза онҳо худро ворисони ҳаввори Пётр эълон карданд. Дар миёнаҳои асри 8 Пипини Лакана, баъди он ки бо ёрии папа ба тахти шоҳии франкҳо соҳиб шуд, территорияи аз лангобардҳо зада гирифгаашро ба ӯ инъом кард ва дар натиҷа давлати алоҳида — вилояти Папа ба вуҷуд омад.

Папаи Рим зулми феодалӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва моликияти хусусиро муқаддас медонист ва ба муборизаи синфии мазлумон муқобил буд. Папаи Рим ба ҷудо шудан аз ҳокимияти дунявӣ ва ҷорӣ намудани ҳокимия­ти олии динӣ кӯшид, вале аз ин кӯшиш муроде ҳосил нашуд. Папаи Рим ба юриши салибдорон ва инквизитсия роҳбарӣ карда, боиси хунрезиҳои зиёд шуд. Авҷи муборизаи зиддифеодалӣ, инкшофи илму техника ва маданият ба ҳокимияти номаҳдуди калисои католикӣ зарба расонд. Ба туфайли ҳаракати реформатсия дар як қатор мамлакатҳо мавқеи Папаи Рим суст шуда, калисоҳои протестантӣ ба вуҷуд омаданд.

Папаи Рим то миёнаҳои асри 19 такягоҳи қувваҳои теократӣ (динӣ) буд. Баробари ғалабаи капи­тализм ба шароити нави таърихӣ мутобиқ шуда, ба ҳимоятгари капи­тализм табдил ёфт. Вай акнун сиё­сати мустамликадорию таҷовузкороная импернализмро тарафдорӣ мекард. Папаи Рим дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) иттифоқи давлатҳои фашистиро дастгирӣ намуда, бо ШМА ва Англия, ки тарафдорӣ сулҳи яктарафа бо фашистон буданд, ҳамкорӣ кард. Баъди ҷанг бошад, сиёсати зиддикоммулизмро давом дод, ки ин боиси паст шудани обрую эътибори Папаи Рим гардид. Папаи Рим дар аҳди Иоанни XXI I I (1958—1963), Павели VI (1963—1978) ва Иоанн Павели II (аз октябри 1978) зарурати ҳифзи сулҳу ҳамзистии осоиштаро фаҳмид ва сиёсати созишкориро пеш гирифт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …