Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пантуркизм

Пантуркизм

Пантуркизм, идеологияи бур­жуазии миллатчигию шовинистиест, к и мувофиди он хамаи халкхоя туркзабон, пеш аз ҳама, туркони мусулмом, як миллатанд ва бояд бо сарварии Туркия дар як давлат муттаҳид шаванд.

Пантуркизм дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ба вуҷуд омада, чун идомаи туркизм (идеологияи пешинаи миллатчигии буржуазии турк) инкишоф ёфт. Он баъди Революстияи ҷавонтуркҳо (1908) ва пурзӯр шудани моҳияти иртиҷони сиёсати партияи «Иттиҳод ва тараққӣ» нуфуз пайдо карда, дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳон ҷои туркизмро комилан мегирад. Намояндаи авва­лин ва асосгузори маънавии П. Юсуфбой Оқчур-ӯғлӣ (Юсуф Акчу­рин) буд. Мувофиқи таълимоти Пантуркизм як қисми миллатҳо аллакай хароб шудаанд (юнониён, форсҳо ва арабҳо), қисми дигар ба интихо мерасанд (халқҳои Европа), сеюминашон (худи туркҳо) инкишоф меёбанд.

Тартиби «ягонагии миллӣ»-и ҳамаи халқҳои туркзабон, «афзалияти нажодӣ»-и онҳо нисбат ба халқҳои дигар низ иддаои Пантуркизм аст. Пантуркизм истисмори халқҳои майдаро маъқул дониста, нақшаҳои истилогаронаи доираҳои иртиҷоаи Туркияро ҳақ мебаровард. Пантуркизм Россияро монеаи асосии амалӣ шудани нақшаҳои худ медонист ва бо баҳонаи «ҳимоя»-и манфиатҳои миллии халқҳои туркзабони Россия бар зидди Рос­сия мубориза мебурд. Маслан, маркази муттаҳидаи ҷамъняти пантуркистҳо «Иттиҳод ва тараққӣ» (баъди шикастхӯрии Туркия дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ «Миллии иттиҳод» ном гирифтааст), ташкилоти аксулинқилобии миллатчигии «Комитети миллӣ», «Совети кишварии мусулмонӣ» («Шӯрои исломия») ба ҳамин мақсад таъсис шуданд.

Фаъолияти ин ташкилотҳо боиси гардид, ки як қатар кормандони партиявию сиёсӣ дар фаъолияти худ ба миллатчигӣ роҳ доданд. Сар задани ин хатоҳо бесабаб набуд. Он вақт муборизаи синфӣ бо иштироки қувваю ҷараёнҳои мухталифи сиёсӣ шиддат мегирифт; вазифаҳои сохтмони сотсиализм нав ва мураккаб буданд; таъ­сири идеологияи буржуазии миллатчигӣ ва феодалию клерикалӣ калон буд, баъзе коркунони органҳои партиявию советӣ бошанд, таҷрибаи кофии роҳбарӣ надоштанд. Чунин вазъият муносибати қувваҳои револютсионӣ ва иҷроияро пуршиддат гардонда, ба муборизаи идеологии ҷараёнҳои мухталифи сиёси таъсири калон расонд.

Алалхусус дар соҳаи адабиёт муборизаи идеологи тезу тунд шуд. Ин мубориза нафақат ба муқобили нодурустфаҳмин аҳамият ва мавқеи адабиёти нави сотсиалистӣ, балки бар зидди миллатчигӣ, махсусан пантуркистӣ низ бурда мешуд. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр дар Ӯзбекистон бо номи «Чағатой гурунги» («Сӯҳбати аҳли чағатой») ҷамъияти адабие ташаккул ёфт. Сарвари он пантуркистони миллатчии буржуазӣ буданд. А. Фитрат илҳом- бахши ғоявӣ ва ташкилотчии ҷамъ­ияти мазкур буд.

Назариётчиёни он Револютсияи Октбрро «ҳодисаи соф русӣ» дониста, ақидан ба давраи Чингиз ва Темур баргаштан, қабул намудани забони пешинаи сунъии «чағатой»-ро таргиб менамуданд. Аъзоёни ҷамъи­яти «Чағатой гурунги» ва «Қизил қалам» («Қалами сурх») аз саҳми халқи тоҷик дар хазинаи маънавии тамаддуни ҷаҳонӣ, муборизаи ӯ ба муқобили аҷнабиён сарфи назар карда, ҳуқуқи онро ба давлатдории миллӣ рад мекарданд. Аз ин рӯ, мубориза ба муқобили Пантуркизм ва ҷараёнҳои дигари миллатчигии буржуазӣ шарти зарурии инкишофи республикаи ҷавони советии Тоҷикистон ва адабиёти он буд.

С. Айнӣ дар ин мубориза фаъолона иштирок кардааст. Ӯ дар мақ. «Қобилияти ташкилотии тоҷикон» (газетаи «Овози тоҷик», № 7, 1924), ва дигар асарҳои худ моҳияти хақиқии Пантуркизмро ошкор кардааст. Асарҳои мазкури С. Айнӣ дар тартиби сиёсати миллии партия хизмати калон карданд. Чунки дар он вақтҳо пантуркистон ба муқобили тақсимоти миллӣ иғво паҳн мекарданд ва ин сиёсати миллии партияро «парҷа-парҷа» кардани туркҳо мешумурданд ва бар зидди барпо шудани Республикаи Советии Тоҷикистон бошад, боз ҳам сахтар иғво паҳн мекарданд. Асарҳои Айнӣ бо фактҳои таърихй пардаи он иғвогаронро дарронд ва ба даҳони онҳо мӯҳри хомӯшӣ зад.

Сиёсати партия дар ин давра пеш аз ҳама, ба он нигаронида шуда буд, ки таъсири тарғиботи Пантуркизм бартараф карда, дастурҳои сиёсию идеологии онҳо фош ва барбод дода шаванд. Дар ҳалли ин масъала тадбирҳои Партияи коммунистӣ аҳамияти калон доштанд: маҳв намудани низои байналмиллӣ ки онро қувваҳои аксулинқилобии дохили ва берунӣ дастгирӣ мекар­данд муборизаи доимӣ ба муқоби­ли миллатчигӣ дар дохили партия,  ба муқобили нақшаҳои худсаронаи пешвоёне, ки таъсиси Партияи ком­мунистии алоҳидаи «турки»-и Осиёи Миёнаро меҳостанд; ба даъвоҳои шовинистпи пантуркистон муқобил гузоштани программаи муайяни миллӣ, ки ташкили давлатдории миллии мустақил ва мухтор мақсади олии он мебошад; аз хурофотҳои шовинистию миллатчигӣ амин доштани коркунони партиявию советӣ. Партияи коммунистӣ ба туфайли ин тадбирҳо оммаи меҳнаткашонро дар атрофи худ муттаҳид намуда, кӯшишҳои иртиҷоии Пантуркизмро барбод дод.

Пантуркизм нуфузи худро минбаъд дар доираҳои иртиҷоии Туркия нигоҳ доштааст. Намояндагони Пантуркизм дар солҳои Ҷалги дуюми ҷаҳон бо Германияи фашистӣ алоқа пайдо карда, ташкилоти худ «Легиони Туркистон»-ро таъсис ва маъракаи зиддисоветӣ ташкил карданд, ки даъват ба забт намудани сарзамини советӣ мақсади асосии он буд. Аз ин рӯ, Пантуркизс ба сафи идеологияи фашистӣ ҳамроҳ шуд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон доираҳои иртиҷоии Туркия Пантуркизмро чун яке аз воситаҳои асосии ба амал овардани сиёсати зиддикоммунистии худ истифода мебаранд.

Ад.: «Мир Ислама», т. 2, Вып. 9, СПБ; 1913; История таджикского наро­да, т. 3, кн. 1, М., 1964; Шари нов И.. Предпосылки преобразования обществен­ных отношений в Таджикистане на пути некапиталистического развития, ч. 1, Д., 1973; х а м о п муалл.. Преобразова­ние социально-политических отношений в Таджикистане на пути некапиталисти­ческого развития, ч. 2, Д., 1976.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …