Маълумоти охирин

Пантомима

Пантомима (аз юн. pantomimos — тақлид), навъи санъати театрист, ки дар он ҳаракати бадан, имову ишора ва мимикаи ҳунарпеша во­ситаи асосии офаридани образи ба­деӣ аст. Дар Европа Пантомима аз театри Юнон ва Рими Қадим ибтидо мегирад. Пантомимаое низ вуҷуд дорад, ки он якҷоя бо мусиқӣ, суруд ва деклама­тсия иҷро мегардад. Ин навъи Пантомима дар мамлакатҳои Осиё, аз ҷумла дар Ҳиндустон, Индонезия.

Хитой ва Япония, маъмул аст. Пантомима асрҳои 16— 18 дар театри «комедия дел арте»-и Италия мақоми махсус пайдо кард. Асри 19 Пантомимаро ҳамчун жанри мустақили театри Ҷ. Грималди (Британияи Кабир) ва офарандаи ниқоби машҳури Перо — Ж. Дебюро (Франсия) ривоҷ доданд. Санъати Пантомима ба ду гу­рӯҳ ҷудо мешавад. Яке «мим» ном дошта, дар он танҳо як ҳунарпеша иштирок мекунад. Ин навъ Пантлмима аз ибтидои асри 20 то рӯзҳои мо хело ривоҷ ёфтааст (санъати актёрони франсавӣ Ж. Л. Барро ва М. Марсо). Дар навъи дуюми Пантомима шахсони бисёр иштирок мекушанд. Дар Иттифоқи Советӣ ҳар ду навъи Пантомима равнақ дорад.

Дар репертуари масхарабозони тоҷик низ пеш санъати Пантомима мавқеи калон дошт. Хусусан дар асри 19 ва аввали асри 20 ин санъат инкишоф ёфт.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …