Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пантограф

Пантограф

Пантограф (аз юнонӣ рan, раntos— ҳама ва grapho —менависам), асбобест барои рӯбардор кардани наҳшаҳо, харитаҳо ва ғайраҳо дар миқёси хурд. Пантографро бо андозаҳои гуногун ва конструксияҳои ҳархела месозанд. Масалан, дар расм Пантографи овеза тасвир ёфтааст, ки вазни хаткашҳои онро тарангии ресмонҳои кашанда кам мекунад ҳаракати Пантограф овеза назар ба конструксияҳои дигар нарму равон буда, нусхаҳои ба воситаи он ҳосил шуда нисбатан саҳеҳтаранд.

Пантограф аз чор хаткаши ҷуфт-ҷуфт параллел иборат аст, ки дар нуқтаҳои А, В, С, Д шарнирӣ пайваст карда шу­даанду параллелограмми АВСД-ро ташкил медиҳанд. Нуқтаи А (қутб) беҳаракат буда, дар нуқтаи Ф сӯзан (барои рӯдавон кардани нусхаи асл) ва дар нуқтаи К қалам (барои кашидани нусхаи хурдкардашуда) ҷойгир карда шудааст. Нисбати масштабҳои оригинал ва нусхаро бо роҳи қад-қади хаткашҳои АЕ ва ВF кӯчондани хаткаши СD тағйир до­дан мумкин аст; дар як вақт бояд қалами К-ро чунон кучондан лозим, ки нуқтаҳои А, К ва Р дар як хати рост вақеъ гарданд. Ба ин васила шабоҳати шакли нусха ва шакли оригинал ҳосил мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …