Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пантикапей

Пантикапей

Пантикапей (юнонӣ Pantikapai- on), шаҳри атиқа дар Қрими Шарқи (ҳозира шаҳри Керч). Дар нимаи якуми асри 6 то мелод онро зодагони Ми­лет бунёд кардаанд. Шояд пеш ин ҷо тиҷоратгоҳи иониҳо бошад. Номи шаҳр, эҳтимол, аз ибораи эронии пантикапа — роҳи моҳӣ (ишора ба сермоҳигии халиҷи Керч) ба вуҷуд омадааст. Пантикапей зуд ба шаҳри калон табдил ёфт. Пантикатей дар нимаи дуюми асри 6 то мелод пули фулузии худ (асри 4 то мелод тилло ва нуқра)-ро сикка мезад.

Дар нимаи якуми асри 5 то мелод шаҳрҳои юнонии ҳар ду соҳили халиҷи Керч бо Пантикапей муттаҳид шуда, давлати Босфорро ташкил карданд. Пантикапей пойтахти ҳамин давлат ва маркази асосии савдо, ҳунармандӣ ва маданияг гардид. Шаҳр дар пастхамӣ ва доманаи кӯҳ воқеъ гардида буд. Дар қуллаи он ибодатгоҳу кӯшкҳо ва биноҳои ҷамъиятӣ бунёд гардиданд. Воқеаҳои тунду тези сиёсии асрҳои 2—1 то мелод ва заминҷунбии сахти солҳои 60 асри 1 то мелод Пантикапейро хеле хароб карданд.

Дар охири асри 4 мелод Пантикапейро гуннҳо ба за­мин яксон намуданд. Дар давраҳои аввали асрҳои миёна он Босфор ном дошт. Аз нимаи якуми асри 19 ҳафриёти археологии Пантикапей сар шуд. Аз охири асри 19 И. Е. Думберг ва дар аввали асри 20 В. В. Шкорпил ҳафриёти археологӣ гузарониданд, аз соли 1945 бошад, онро В. Д. Блаватскин ва И. Д. Марченко мунтазам давом медиҳанд.

Ад.: Б л а в а т с к и й В. Д., Лантика- пей. Очерк истории столицы Боспора, М., 1964; Пантикапей, М., 1957—02 (Ма­териалы исследования по археологии СССР, № 56, 103); Марченко И., Го­род Пантикапей, Симферополь, 1974.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …