Маълумоти охирин

Пантеон

Пантеон (юн. раntheion — маъбад), 1) дар Рими қадим» маъбади ҷомеи худоёи, ёдгории барҷастаи меъмории аҳди қадим. Соли 125 м. бунёд гардидааст. Дорой гунбазм ниммудавварест (диаметраш 43 м), ки дар марказаш (диаметраш 9 м) равзана дорад ва тавассути он ба бино равшанӣ медарояд. Гунбаз аз бетону хишт сохта шуда, бар устувона устувор аст ва дар болои сар чун гунбази осмон фароху мӯҳташам менамояд.

Даромадгоҳаш 16 сутуни суфта дорад (8-тоаш дар пешгоҳ боқимондааш дар дохил). Пантеон бо композитсияи мӯҳташам ва услуби классикии дақиқаш ба санъати меъмории замони худ ва давраҳои минбаъда таъсири калан расондааст. Пантеон ҳоло музеи миллист ва дар он арбобони бузурги санъати Италия (Ра­фаэл Б. Перудсси) мадфунанд. 2) Дахмаи ашхоси бузург. Одатан ба сифати Пантеон биноҳои характери динӣ дошта истифода мешаванд. Калисои Сент-Женевеви Париж (1764—1790, меъмор Ж. Ж. Суфло), кя соли 1791 ба Пантеон табдил дода шудааст. (Дар он Ж. П. Марат, Волтер, Ж. Ж. Руссо, В. Гюго, Э. Золя, Ж. Жорес) дафн шудаанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …