Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Пант Сумитрапандан

Пант Сумитрапандан

Пант Сумитрапандан (20. 5. 1900, Каусани, округи Алмора — 1978), шоири ҳинду. Ба забони ҳинди ме­навишт. Дар пайравии Р. Такур ва нависандагони романтики европоӣ асар эҷод кардааст. Шеърҳои лирикии давраи ҷавониаш (маҷмӯаҳои «Гунҷаҳо”, 1928; «Нағмаи занбури асал», 1932) аз меҳру муҳаббат ба ватан ва ҳиссси ватандӯстӣ саршоранд.

Дар назми солҳои 30 (маҷмӯаҳои «Анҷоми аср», 1936; «Садои аср», 1939) асри таъсири ғояҳои пешқадам ба мубориза барои озод шудан аз зулму истибдоди иҷтимоӣ ва мустамликавӣ даъват мекард. Дар ин давра забон ва услуби Пант ба забони халқ хеле наздик гардид. Солҳои 40—50 бо таъсири назариёти М. К. Ганди дар эҷодиёти Пант равияи гума­низм ривоҷ ёфт.

Таваҷҷӯҳи ӯ ба ғояҳои дигаргунсозии сотсиалистии ҷамъият дар маҷмӯаи «Нурҳои заррин” (1947), песаҳои манзуми «Қуллаҳои нуқрафом» (1951), «Рассом» (1952) ифода ёфтаанд. Дар эпопеяи «Дайри халоиқ» (1964) Пант таҷрибаи ҳаётӣ ва эҷодиашро ба таври фалсафӣ ҷамъбаст кардааст. Чанде аз саҳифаҳои достон ба тавсифи комёбиҳои СССР бахшида шудаанд. Пант соли 1961 ҷоизаи Академияи адабиёти Ҳиндустонро гирифтааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …