Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панорама

Панорама

Панорама (аз юн. рan — ҳама ва horama — манзара), дар санъа­ти тасвирӣ лавҳа ё суратест, ки манзара ва воқеаро васеъ инъикос мекунад. Дар Панорама манзара ва ҳодисаи матлуб бовусъат ва зинда акс мегардад. Бо мақсади таҷассуми зиндаи манзара ба тасвир предметҳои ҳақиқӣ ё бутафорӣ (хонаҳо, чизҳо, одамон ва ҳайвонҳои гуногун) ило­ва карда мешаванд. Барои боз ҳам хаққонӣ вонамуд шудани манзара нури чароғро истифода мебаранд.

Панорама дар бинои махсуси мудаввар сохта мешавад, ки дар мобайнаш майдоичаи тамошо дорад. Якумин Панорамаро дар охири асри 18 дар Эдинбург рассоми ирландӣ Р. Баркер эҷод кард. Дар асри 19 офаридани Панорамаҳое, ки саҳнаҳои муҳорибаро тасвир мекарданд, хеле инкишоф ёфт.

Дар Россия Панорамаи барҷастатаринро мусаввир Ф. А. Рубо офарид («Мудофиаи Севастопол”, ки соли 1905 кушода шуда, солҳои 1941— 1942 ҳангоми мудофиаи Севастопол сахт осеб дид ва соли 1954 аз нав бар­қарор ва кушода шуд; «Муҳорибаи Бородино», соли 1912 дар Москва кушода шуд ва 1962 аз нав боз гардид). Мусаввирони советӣ М. Б. Гре­ков, Г. К. Савитский, И. П. Соколов Скаля, Н. Г. Котов ва дигарон дар жанри Панорама асарҳо эҷод кардаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …