Маълумоти охирин

Панно

Панно (аз лотинӣ раnnus — порчаи матоъ), 1) изораи девор ё ҳошияи сақфи бино, ки дар он расм ва ё нақш кашида бошанд. 2). Як намуди санъати тасвирӣ, ки асосан барои ороиш аст; аз равған ва темпера истифода мебаранд. Дар нитерер ва экстерерн бино, доимӣ ва муваққатӣ месозанд. Дар Юнон, Рими Қадим ва дар давраи Эҳёи Европа намунаҳои барҷастаи Панно офарида шудаанд. Санъати девору шифти хонаро хо­тамкорию кошикоӣ кардан дар Осиёи Миёна аз замонҳои қадим маъмул аст. То замони мо Панноҳои ёдгориҳои меъмории аввали асрҳои миёна — надқшунигори девори Болаликтеппа, Афросиёб, Панҷакент, Варахша ва Истаравшан боқӣ мондааст.

Баъди истилои араб бо расм ӯ сурат оро додани бино дар Осиёи Миёна аз байн рафт ва ҷои онро нақшҳои ҳандасӣ гирифт. Дар ёдгориҳои асри 14 шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Балх ва дигар марказҳои мадании тоҷикон Панноҳое ҳастанд, ки аз санъати баланди хотамкорию кошикорӣ дарак медиҳанд. Рассомони имрӯзаи Тоҷикистон низ биноҳои шаҳру деҳотро бо мусаввара ва нақшунигори гуногун зинат медиҳанд. Масалан, Паннои мусаввирон 3. Ҳабибуллоев, В. Боборикин ва Д. Бегимов дар девори кинотеатри «То­ҷикистон» (Душанбе, ибтидои солҳои 60) як намунаи он аст.

Манзараҳои ин Панно корномаҳои халқ — сохтмони ГЭС-и Норак, обёрии даштҳои Ёвон, тараққиёти хоҷагии вилояти Бадахшон, инкишофи илм, маданият ва санъати Тоҷикистонро рамзан дар бар гирифтааст. Дар чойхонаи «Фароғат»-и Душанбе рассомон С. Нуриддннов ва Э. Муллобоев бо усули кошикорӣ Панное офаридаанд, ки дар он духтарони раққос ва ҳофиз дар либоси миллӣ тасвир шудаанд. Мусаввир А. Аминҷонов дар девори кинотеатри Норак ва Филармониян давлатӣ Панноҳое офаридааст, ки намунаҳои хуби ин санъат дар рӯзҳои мост. Панное, ки аз чӯб дар бинои сирки Душанбе сохтаанд (муаллифон В. Одинаев, С. Шарифов ва С. Нуриддннов), низ хеле ҷолиб аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …