Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Панкратов Петр Андреевич

Панкратов Петр Андреевич

Панкратов Петр Андреевич  (21 3. 1907, деҳаи Астраханка, вилояти Запороже —10. 12. 1979, Душанбе), гидрогеологи советӣ, академияи АФ РСС Тоҷикистон (1976; аъзо-корр. 1951), доктори илмҳои геологияю минералогия (1971); Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1974). Соли 1934 факултети кӯҳкории Институти политехникии Осиёи Миёнаро хатм кардааст. Солҳои 1950—1953 директори Ин­ститути геологияи АФ РСС Тоҷикистон» 1953—1975 мудири шӯъбаи гидрогеология ва геологияи инженерӣ, аз 1975 то охири ҳаёташ кон­султант – ходими калони илмии ҳамин институт буд.

Панкратов мутахассиси намоёни соҳаи гидроге­ология ва мелиоратсияи Осиёи Миё­на, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад. Зиёда аз 50 асари илмӣ дорад. Бо роҳбари ва иштироки бевоситаи Панкратов дар як қатор водиҳои республика ҷойҳои паҳншавии обҳои зеризами­ни муайян карда шуданд. Ӯ дар бобати обёрии заминҳои кишт, шодоб гардонидани чарогоҳҳо ва бо об таъмин намудани маҳалҳои аҳолинишин корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ба туфайли тавсияҳои Панкратов бисёр заминҳои корам аз шӯру ботлоқзоршавӣ эмин ёфтаанд.

Панкратрв дар шароити Осиёи Миёна аввалин шуда аҳамияти калони пармачоҳоро дар паст кардани сатҳи обҳои зеризаминии киштзорҳо ва бо об таъмин намудани аҳолӣ ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалан исбот кард. Панкратов яке аз ташкилотчиёни фаъоли илми геология ва аъзои як қатор шӯроҳои илмии республика мебо­шад. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи. Абуалӣ ибни Сино (1979). Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шу­дааст.

Ас.: Подводные воды орошаемых зе­мель Таджикистана, дар кит.: «Подвод­ные воды Таджикистана и вопросы ме­лиорации»», Д., 1967; Гидрогеологическое обоснование ирригационно-мелиоратив­ных мероприятий в Таджикистане. Докл. на соиск. уч. степени доктора геол.-мин. наук по выполненным и опубликован­ным работам. Д., 1970; К проблеме гид- рогеолого-мелиорвтнвного обоснования мероприятий по использованию водных ресурсов и мелиорации земель Таджики­стана, Д., 1979.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …