Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панҷараи кристалӣ

Панҷараи кристалӣ

Панҷараи кристалӣ, шакли фазоиест, ки дар кристаллҳо ва ҷисмҳои кристаллӣ ботартиб ҷойгир шудани атомҳо, ионҳо ва молекулаҳоро нишон медиҳад. Панҷараи кристалӣ аз ячейкаҳои элементарие иборат аст, ки дар се самт даври такрор мешаванд ва сохти томи кристаллро ба вуҷуд меоранд. Ячейкаи элемеитарӣ вобас­та ба симметрияи кристалл шакли параллелепипеди каҷкунҷа ё росткунҷа, призмаи квадратӣ ё шашкунҷа, кубро дорад (ниг. расм). Андозаҳои теғаҳои ячейкаи злементарӣ а, в, с-ро даври айнӣ меноманд.

Панҷараи кристалӣ бо дигар элементҳои симмет­рия— тирҳо, ҳамвориҳо, маркази симметрия низ тавсиф меёбад.

Анизотропияи хосияти кристаллҳо, шакли ҳамвори теғаҳои онҳо, доимияти кунҷҳо ва дигар қонунҳои кристаллография!и геометрӣ бо мавҷудияти Панҷараи кристҷллӣ шарҳ дода мешаванд. Ба воситаи ченкуниҳои геометрии кристалл бузургии кунҷҳои ячейкаи элементарӣ ва дар асоси қонуни ратсионалияти параметрҳо нисбати даврҳои айниро ёфтан мумкин аст. Андозаҳои ячейкаҳо ва ҷойгиршавии атомҳо ё молекулаҳое, ки ин сохтро ташкил медиҳанд, дар ҳар ячейка бо ёрии (рентгенография, нейтроно­графия ё электронография муайян карда мешаванд.

Дар ячейкаи элементарии Панҷараи кристаллӣ аз як (бораи элементҳои химиявӣ) то даҳҳо ва садҳо (барои пайвастҳои химиявӣ) ё ҳазорҳо ва ҳатто миллионҳо (сафедаҳо, вирусҳо) атом ҷой гирифта метавонад. Аз ин рӯ даври айнб аз якчанд А то садҳо ва ҳазор­ҳо А мешавад.

Панҷараи кристалӣ ташкилаи статикӣ (ором) нест. Атомҳо ё молекулаҳое, ки Панҷараи кристаллиро ташкил мекунанд, дар наздикии ҳолати мувозинат лаппида меистанд ва табиати ин лаппиш (динамикам Панҷараи кристаллӣ) ба симметрия, ҷойгиршавии атомҳо, энергияи бандҳо вобаста аст. Баробари афзоиши ҳарорат лаппишҳои зарраҳо зӯртар мешаванд ва ин ҳол боиси вайроншавии Панҷараи кристаллӣ ва ба моеъ мубаддал шудани модда мегардад.

Сохти воқеии кристалл ҳамеша аз схемаи идеалие, ки дар мафҳуми Панҷараи кристалӣ таҷассум меёбад, фарқ мекунад. Аз ҷумла дар кристаллҳои воқеӣ ҳамеша нуқсҳои гуногун, ба монанди ғашатомҳо, вакансияҳо, дислокатсияҳо ва ғайраҳо мавҷуданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …