Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панҷара

Панҷара

Панҷара, Чузъи ороишиест дар санъати меъморӣ. Дар, дариҷа, равзана, байни рафу сутунҳо, айвон, зинаи биноҳои маъмурӣ, маданӣ ва ҷамъиятиро бо Панҷара оро медиҳанд. Панҷара асосан хоси меъмории Шарқ, алалхусус мамлакатҳои иқлимаш гарм аст (Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва мамлакатҳои Шарқи Наздик), ки ҳам вазифаи ороишӣ, ҳам хосияти ҳавогузарони, рушноидиҳӣ ва интиқоли овоз дорад.

Панҷара дар чорбору хиёбонҳо ба сифати тавора, дар интерери хона чун ҷузъи ороиш истифода мешавад. Панҷараро аз чӯб, санг, гач, филизот, гил ва гили сухта тайёр карда, дар он нақшунигори ҳандасӣ, аксаран гиреҳ, ислимӣ, мунаббат, кандакорӣ ва ғайраро истифода мебурданд. Бозёфтҳои археологи аз мавҷудияти Панҷара дар замони қадим гувоҳи медиҳанд. Панҷараи хиштии «Қасри шоҳон” дар Тӯпрокқалъа (асри 3), Панҷараи гачӣ дар Варахша (асри 8) ва ғайра. Дар мақбараи Исмоили Сомонӣ бо усули махсуси хиштчинӣ Панҷара офаридаанд. Дар ансамбли Шоҳи Зинда (асри 14) Панҷараи чӯбини ниҳоят ҷозиб боқи мондааст.

Кошикориҳои мадрасаҳои Мири Араб (асри 16), Абдуллохон (асри 46) дар Бухоро, Шердор (асри 17) дар Самарқанд дорои намунаҳои нодири Панҷараҳои мураккабсохт мебошанд. Панҷара дар иншооти бузурги меъмории Бухоро, Самарқанд, Хева, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо исти­фода шуда, сипас дар ноҳияҳои дигари Осиёи Миёна паҳн гаштааст. Умуман дар санъати меъмории асрҳои 11—17 Осиёи Миёна Панҷарасозӣ ривоҷ ёфта, қариб дар ҳамаи биноҳои мӯҳташам шаклу усулҳои мухталифи онро моҳирона истифода бурдаанд. Устоҳои халқӣ ва касбии тоҷик барои Панҷарасозӣ бештар чӯбро истифода бурдаанд. Аз рӯи як қатор накшҳои рӯидевории Панҷакенти Қадим чунии бармеояд, ки устоҳои асрҳои 7—8 барои ороиши ҳайвони хонаҳои истиқоматӣ ва маъбадҳо аз тахтаҳои кандакорӣ истифода мебурданд.

Дар замони Темуриён нақши гиреҳ ба авҷи аъло расида, бисёр ҷузъҳои ороишӣ, аз ҷумла Панҷакентро фаро мегирад. Вобаста ба ҳашамати мадрасаю масҷидҳо, андозаи Паннҷара равзанаҳо низ меафзояд. Панҷараи равзанаи равоқтоқҳои пайконӣ аз чғбчаҳои ҷудогонаи бо ҳам васлшаванда (шаддаҳо) сохта мешуд. Намунаи нодири чунин Панҷараҳо дар осори меъморин Бухоро, Самарқанд, Панҷакент, Уротеппа, Ленинобод, Ҳисор, Вахш, Панҷ, Кӯлоб ва ғайра вомехӯранд, ки хушсифат, пурдошт, бандубасташон мукаммал ва нақшунигорашон назаррабост.

Панҷараи байни посутунҳои айвони масҷиду мадрасаҳоро аз чӯбҳои чортарош месохтанд. Баъзан дар ҳам ба шакли панҷара сохта мешуд. Дар офаридани Панҷараи равзанаҳо яке аз шаддаҳоро ба сифати ченак (ахшин) қабул қарда, шаддаҳои боқимондаро мутобиқан ба он ва вобас­та ба бандубасти сохти нақш исти­фода мебурданд. Усто аввал ҷузъи аз ҳама хурдтарини Панҷара— «ошиқча»- ро ниҳода, дар атрофи он 5—7 шаддаро ба таври амудию уфуқӣ устувор мекард. П.анҷара одатан аз 4, 6, 8 ва 10 «кулча» сохта шуда, нақши мукаммали композитсиядореро ташкил мекард. Хангоми чидани шаддаҳо аз меху елим сарфи назар мекарданд. Услуби хоси кандакорни чӯб ба Панҷараҳои ғайричӯбӣ таъсир расонда, боиси бой ва серобуранг гардидани онҳо шуда аст.

Алалхусус таъсири он дар Панҷараи гачӣ (аз рӯи сохт, нақшунигор, бандубаст ва ҳатто номи якхелаи бисёр амалҳо) бештар зоҳир гаштааст. Сабаби ин шояд дар қолибҳои чӯбӣ рехтани Панҷараи гачӣ бошад. Аммо Панҷараи гачӣ дорои накқшунигор ва ороишоти хеле бой буда, на танҳо аз нақшҳои ҳандасӣ (до­ира, шашкунҷа, мураббаъ ва ғайра), балки аз усулҳои мураккаби мунаббату гулнақшҳо (пиёзӣ, гарданӣ, ис­лимӣ) низ баҳраманд мегашт. Анъанаи бои санъати Панҷарасозӣ дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ривоҷ ёфт. Ҳунармандону устоҳои халқӣ дар ҳамдастӣ бо меъморон ҳангоми сохтани биноҳои ҷамъиятӣ, маъмурӣ ва ма­данӣ аз санъати Панҷарасозӣ босамар истифода бурдаанд, ки дар банду­баст ва ороиши бино мақоми намоён доранд.

Намунаҳои мукаммали Панҷараҳо дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ (меъморон А. Юнгер, В. Голли, Д. Билибин), Китобхонаи республикавии ба номи Фирдавсӣ, Музеи муттаҳидаи республикавии таърихӣ — кишваршиносӣ ва санъа­ти тасвирии ба номи Бехҳод (меъмор А. Кномпус), чойхонаи «Роҳат» (меъморон Д. Гендлин, К. Терлетский), чойхонаи «Фароғат» (меъмо­рон Г. Соломиной, III. Зубайдов), Банки сохтмони коммуналӣ (меъмор Э. В. Ерзовский) ва ғайра вомехӯранд.

Ҳоло дар ороиши айвону балконҳои биноҳои истиқоматии оҳанубстонии аксари микрорайонҳои Тоҷикистон Панҷараро истифода мебаранд, ки онҳоро дар з-аводҳо бо усули нави техникӣ тайёр мекунанд. Инчунин барои оро­иши хиёбон, фаввора, зинапоя, пул, дар, тиреза ва дарвозаҳо аз фулузот (оҳан, мис, биринҷӣ) Панҷара месозанд, ки дар онҳо анъанаҳои Панҷарасозии миллии Шарқ ва Ғарб омезиш ёфтаанд.

Ад.: Р е м п е л ь Л. И., Панджара. Ар­хитектурные решетки и их построение, Ташкент. 1957; Р у а и е в М. А., Резное дерево Чорку, Д.. 1975; хамов му- а л л., Искусство таджикской резьбы по дереву. Д./ 1976′, П и с а р ч и к А. К,, Народная архитектура Самарканда, Д., 1974.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …