Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Панҷакенти Қадим

Панҷакенти Қадим

Панҷакенти Қадим димнаи шаҳри ибтидои асрҳои миёна; 1,5 км ҷанубу шарқтари шаҳри ҳозираи Панҷакент воқеъ аст. Панҷакенти Қадим яке аз рустоҳои (районҳои) Суғд буд (асрҳои 7—8). Ҳар як русто, аз ҷумла Панҷакент марказ (шаҳри асосӣ), ҳоким ва отряди ҳарбӣ дошт.

Аз хусуси Панҷакент Қадим дар асрҳои 7—8 Та­барӣ маълумот дода, Деваштич ном яке аз ҳокимони онро, ки ба муборизаи зидди Хилофати араб (солҳои 720—722) роҳбарӣ кардааст, зикр мекунад. Суғдиён соли 720 қушуни арабро дар Самарқанд торумор ва шаҳрро аз истилогарон озод карданд.

Аммо хилофат барои забт кардани Суғд муттасил лашкар мекашид. Ниҳоят, охири соли 721 суғдиён ба танг омада, як гурӯҳашон бо сардории ҳокими Пой (райони Каттақӯрғони ҳозира) — Карзанҷ ба Хуҷанд ва гурӯҳи дигарашон бо сардории Деваштич ба болооби Зарафшон рафтанд. Гурӯҳи якум дар атрофи Хуҷанд ва гурӯҳи дуюм дар қалъаи Абаргар, ки ҳоло бо номи Қалъаи Муғ машҳур аст, соли 722 аз қӯшуни араб торумор гардиданд. Ҳамон солҳо истилогарон Панҷакенти Қадимро низ ба хок яксон карданд ва шаҳр барҳам хурд.

Соли 1933 аз харобаҳои Қалъаи Муғ қариб ҳаштод хуҷҷати суғдӣ ёфта шуд, ки матни он дар рӯи коғаз, пӯст ва чӯб сабт шудааст (ниг. Ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ). Соли 1947 ҳайати Экспедитсияи археологии Тоҷикистон бо роҳбарии А. Ю. Яқубовский дим­наи Панҷакент Қариб кашф намуд ва аз ҳамон вақт ҳафриёти он давом дорад. Роҳбарӣ акспедитсия дар давоми ҳафт соли аввал худи А. Ю. Якубов­ский буд. Солҳои 1953—1954 ба он М. М. Дяконов роҳбарӣ кард ва баъди вафоти ӯ то хол ин вазифа дар ӯҳдаи А. М. Беленитский мебошад. Дар ко­ри экспедитсия Шӯъбаи ленинградии Институти археологии АФ СССР, Эрмита­жи давлатӣ, Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон ва Музеи республикавии таъри­ху кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ (Панҷакент) иштирок доранд.

Ҳафриётп археологи нишон дод, ки Панҷакент Қадим аз қисмҳои зерин иборат будааст: 1) Шаҳристон (бо девори хота шудааст). 2) Куҳандиз (дар тарафи ғарбии шаҳр воқеъ аст). 3) Деҳаи назди шаҳр (дар тарафи Шарқ воқеъ аст). 4) Қабристон (дар ҷанубтари шаҳристон ҷой гирифтааст).

Вусъати шаҳристон қариб 14 га, майдони он теппазор аст. Бештар аз  қисми маҳал тадқиқ шудааст. Алҳол гузарҳои калон, биноҳо ва қисми зиёди чорсӯи шаҳр кушода шудаанд. Ҳар як бино аз 10 то 100 ва аз ин ҳам зиёд хона дорад. Биноҳои ду ва сеошёла дучор мешаванд, ки баландии онҳо то 8—9 м мерасад. Ғафсии девори хонаҳо то 1,20 м бу­да, аз похса ё хишти хом ва баъзан аз лохсаю хишти хом бунёд гардидаанд. Дар ҳавлиҳое, ки кушодаанд, ду хел хона мушоҳида мешавад: хо­наҳои танги долонмонанди бомашон гунбазӣ ва хонаҳои калони мураббаи сутуну болорашон чӯбин. Баъзе хонаҳо зебу зинати хуб доранд: болор, боша ва носутунҳо кандакорӣ шудаанд, деворҳо нақшунигор до­ранд. Дар хонаҳо току равоқ кам ба назар мерасад, дар таги девор суфаҳои паст ҳаст.

Куҳандиз сари теппа, дар баландӣ ҷой гирифта, аз чандин бино, ҳавлӣ ва иншооти мудофиавӣ иборат аст.

Деҳаи назди шаҳр. ки дар тарафи шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ шаҳристон воқеъ аст, тақрибан 20—25 га вусъат до­рад. Азбаски замини ин маҳал токзор буд, оби он заҳида, бисёр иморати атрофи шаҳрро нобуд карда­аст. То оғози ҳафриёт дар ин ҷо қа­риб 25 теппа буд. Ҳафриёт аён кард, ки деҳаи назди шаҳр аз ҳавлиҳои ҷудогона иборат буда, ҳар ҳавлӣ як қитъа замини корам доштааст. Ҳавлиҳо асосан аз хонаҳои иқоматӣ ва хоҷагӣ иборат буда, дар онҳо оила­ҳои хурди кашоварзон ва қисман косибон зиндагӣ мекардаанд. Дар деҳа нишонаҳои оғози истеҳсолоти косибӣ ба назар мерасад, ки истилои араб ба ташаккулаш имкон надодааст.

Дар ҳудуди қабристон, ки тақрибан 0,5 км дуртар аз девори ҷанубии шаҳристон воқеъ аст, қариб 70 теп­ла боқи мондааст. На теппаҳо новусҳои панҷакентиҳои қадимро маҳфуз доштаанд ва бостоншиносон қариб ситои онро кушодаанд. Майдони ҳар новус ба ҳисоби миёна 4— 5 м мураббаъ буда, болояш гунбази яклухт дорад. Даруни хона аз се тараф суфа дорад. Суфаҳо дар тӯли 3 девор ба шакли ҳарфи «Панҷакент» ҷо гирифта, байнашон гузаргоҳе ҳаст. Дар миёнаҳои девори 4-ум сӯрохии хурде ҳаст. Сӯфаҳо барои гузоштани устадонҳо хизмат мекарданд. Дарозии устадонҳо 50—55 см, барашон 25—27 см ва баландиашон 18—23 см аст. Онҳо сарпӯшҳои яклухти дастадор ва ё сарпӯшҳое доранд, ки аз ду тахтаи сафолӣ иборатавд. Ин ду тахтасафолро паҳлӯиҳам гузошта, даҳони устадолро мепӯшонданд. Дар ҳар новус ба ҳисоби миёна устухонҳои 8—10 майитро дафн мекарданд.

Ҳоло Панҷакенти Қадим ягона ёдгории археологиест, ки аз рӯи он сохт, махсусан топография, ҳаёти иқтисодӣ, иҷти­моӣ ва мадании аҳолии шаҳрҳои ибтидои асрҳои миёнаро омухтан мумкин аст. Латтапораҳо, пунбадона, донаҳои нимсӯхтаи гандум, нав, арзан ва лубиёи ёфтшуда маълумоти маъхазҳои хаттиро дар хусуси хонагидории Суғд тасдиқ мекунанд. Дар натиҷаи ҳафриёт дар Панҷакенти Қадим донакхҳои гелос, олуболу, зардолу, шафтолу, бодом, санҷид, пӯчоқи чормағз ёфт шуданд, ки ин аз равнақи боғдории Суғд шаҳодат медиҳад ва ба маълу­моти географҳои арабизабон Ибни Ҳавқал ва муқаддасӣ мувофиқ меояд.

Онҳо навиштаанд, ки рустои Панҷакент дар чидани бодому чормарғз дар байни дигар рустоҳои Суғд ҷои аввалро ишғол мекард. Дар Панҷакенти Қадим токдорӣ ва шаробкашӣ тараққӣ кар­да буд. Аз назди оташдонҳо ва аз байни тӯдаҳои пору бисёр устухони гов, гӯсфанд, буз ва хуки ёбоию хонагӣ ёфт шуд ва ин шаҳодат медидад, ки дар Панҷакенти Қадим, чорводорӣ ҳам равлақ доштааст. Мавҷудияти чунин базаи ашёи хом боиси инкишофи истеҳсоли маснуоти чармӣ мегардид. Аз рӯи накшунигори деворҳо муқаррар кардан мумкин аст, ки ҳунармандони Панҷакенти Қадим аз чарм ҳар хе пойафзол, ҷавшан, тоскулоҳ, гилофҳои шамшер ва камол, афзоли асп ва дигар асбоби рӯзгор тайёр мекардаанд, Бостоншиносҳо аз шаҳристон бисьёр лангарчаҳои чархҳои ресмонресӣ ёфтанд, ки онҳо аз инкишофи наддофӣ ва бофандагӣ дарак медиҳанд. Аз нигориши деворҳо, ки дар онҳо навъҳои гуногуни маснуот, матоъҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ, қо­лин ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд, салиқаи косибону бофандагони Панҷакенти Қадим аён мегардад.

Дар истеҳсолоти косибии Панҷакенти Қадим маснуоти кулолӣ ҷои махсусро иш­ғол мекард. Дар вақти ҳафриёт аз ҳар ҷо шадда ва бозубандҳои шишагӣ, шишаҳои майда барои ҳар хел моеъ ёфт шуданд. Мавҷудияти корхонаҳои шишасозӣ тасдиқ мекунанд, ки панҷакентиён ба истеҳсоли маснуоти шиша низ машғул будаанд.

Дар Панҷакенти Қадим оҳанхарӣ ва заргарӣ низ хеле равнақ доштааст. Фақат дар як майдони хурди шаҳристон зиёда аз 40 устохолаи оҳангарӣ будааст, ки ҳар хел маснуоти филизӣ мебароварданд. Ҳангоми ҳафриёт дос, табар, бел, дарафш, корд, калид, қисмҳои қуфл, пайкол, найза, ҳалқа ва бисёр дигар асбобу анҷоми оҳанӣ, би­ринҷӣ, мисӣ, тиллоӣ ва нуқрагӣ ба даст омаданд. Чунин ёдгориҳои моддӣ ва (маънавӣ нишон медиҳанд, ки дар Панҷакенти Қадим ва дигар шаҳрҳои Суғд соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ вуҷуд дошта, ҳунармандонаш табъу маҳорати баланд доштаанд. Аз рӯи натиҷаи ҳафриёт тахмин кардан мумкин аст, ки ҳунармандӣ дар Панҷакенти Қадим соҳаи мустақили хоҷагӣ ва аксари ҳунармандон озод буда, барои фурӯш мол мебаровардаанд.

Пулҳои зиёде, ки ёфт шуд низ ба ин далолат мекунанд. То ин дам чанд ҳазор танга ҷамъ оварда шудааст, ки ин қадар пул аз ягон ҷои дигари Осиёи Миёна ёфт нашуда буд. Ба даст омадани тангаҳои зиёди суғдӣ ба ташкили соҳаи нави нумизматикаи Осиёи Миё­на — нумизматикаи Суғд имкон дод. Дар коллексия пулҳои мисӣ, биринҷӣ на нуқрагӣ ҳастанд, ки аз асрҳои аввали милод то нимаи дуюми асри 8 симка зада шудаанд. Аммо қисми асосии коллексияҳо аз пулҳои биринҷии суғдии  нимаи дуюми асри 7—аввали асри 8 иборат аст. Дар байни онҳо пулҳое ҳастанд, ки баъзеашон аз номи ҳокимони майдаи он, аз ҷумла ҳокимони худи Панҷакенти Қадим бароварда шу­даанд.

Омӯхтани ин пулҳо ба О. И. Смирнова имкон дод, ки хронологияп ихшидҳои Суғдро муайян кунад. Пу­ли бисёр ва гуногуни ёфтшуда гувоҳӣ медиҳад, ки муносибатҳои молию пулӣ дар Суғд ривоҷ доштааст. То солҳои наздик чунин мешуморанд, ки шаҳрҳои Осиёи Миёна фақат баъди асрҳои 8—10 маркази ҳунару тиҷорат гардид. Аммо ҳафриёти Панҷакенти Қадим исбот кард, ки ҳануз дар асрҳои 7—8 ин шаҳрҳо маркази ҳунармандию савдо будаанд.

Ҳафриёти солҳои охири Панҷакенти Қадим нишон дод, ки ҳайати иҷтимоии аҳолии шаҳрҳои давраи ибтидои феодализм хеле гуногун будааст ва дар шаҳрҳои он замон на танҳо ҳокимонн ва табақаи дорои аҳолӣ бо ғулому канизонашон, балки ҳунармандони озод, тоҷирон ва дигарон табақаи аҳолӣ низ зиндагӣ мекардаанд.

Ба туфайли ин ,ҳафриёт на фақат навъҳои асосии масолеҳи бинокорӣ ва усулҳои бинокории меъморони суғдӣ, балки тарҳрезӣ, сохти дохилию зоҳирии иморат ва оронши иншооти истиқоматию ҷамъинтӣ аён гардид. Маълум аст, ки санъати меъмарии Осиён Миена дар асоси истифодаи хишти хому похса тараққӣ кардааст. Хиштҳои иншооти Панҷакенти Қадим мураббаъ, таносуби қаду барашон 1×2 аст. Ин шакл назар ба хиштҳои мураббаи давраи атиқа баҳ­тар буд, зеро ба ғафс ё тунук бардоштани деворҳо имконият медод ва ғайр аз ин қуфлукалиди деворро осон мекард. Хишти хом ба ғайр аз девор, боз барои сохтани равоқ, гунбаз, пағна ва баъзан барои фарши бино истифода шудааст.

Панҷакенти Қадим деворҳои похсагӣ низ дорад. Деворҳо бо коҳгил андова ва қисман гаҷкорӣ шудаанд. Хишти пухтаро панҷакентиёни қадим баъзан барои фарш ба кор бурдаанд. Техникаи равоқсозию гунбазсозӣ ва ошёнаю нағнаҳо санъати баланди меъмории Панҷакенти Қадимро нишон медиҳад. Барои сутун, дар, болор ва барои баъзе ҷузъиёти ороиш чӯбро истифода бурдаанд. Дар вақти ҳафриёт бисёр болор ва сутунҳои нимсӯхта ёфт шуданд, ки бошаҳои кандакорӣ доранд (нақшҳои ислимӣ, ҳандасӣ, расмӣ одам ва махлуқҳои афсонавӣ). Аз бозёфтҳои сершумори Панҷакенти Қадим махсусан, ду ҳайкали чӯбии зан, ки зоҳиран раққоса мебошанд, хеле ҷолибанд. Маҳорати кандакор ба дараҷаест, ки ҳатто пироҳани хеле нафиси раққосаҳо баръало намудор аст. Либос ба коси онҳо бо тасмаи дарозе баста шудааст. Ҳайкалҳо шаддаҳои марҷон ва зангӯлачаҳхо доранд, ки сари сина ва тамоми баданро оро додаанд.

Тарҳи умумии ҳайкалҳо хеле назаррабо, мавзун ва дилкаш аст. Ҷузъиёти тарҳи бадан, сарулибос ва ҷинҳои он, асбоби зебу зинат ба таври хеле аниқу дақиқ тисвир ёфтаанд.

Барои ҳайкалсозӣ дар Панҷакенти Қадим баробари чӯб инчунин гил, гач на филизотро ба кор мебурданд. Ҳангоми ҳафриёти яке аз хонаҳо гӯши биринҷии ниҳоят калони ҳайвоне ёфт шуд. Аз худи ҳамон 40 каллаи гачии берише низ ёфтанд, ки баробари сари одам аст. Ғайр аз ин пораҳо дар поёни деворҳои яке аз иморатҳо изораи калони муҷассамадор кушода шуд, ки дарозиаш қариб 8 м аст.

Ин изора пур аз расми одамони гуногун мебошад, ки дар заминаи баҳр ё дарё ҳаккокӣ шудаанд. Дар як гӯшаи изора даҳони аждаҳо ва дар гӯшаи дигараш тарҳи ғоре ба назар мерасад. Аз ғор оби фаровоне мешорад, ки барои манзараи тамо­ми изора замина гардидааст. Дар ҳамин замина бо нақши баланди муқарнас ҳар гуна ҷонварони асотирӣ, моҳиён, танаи одам, махлуқоте, ки тани одаму думи мор дорад, таҷассум гардидаанд.

Бозёфтҳои археологии Панҷакенти Қадим шаҳодат медиҳанд, ки дар санъати тасвирии суғдиён ҳайкалтарошӣ мақоми муҳимме доштааст. Дар Панҷакенти Қадим осори фаровон ва аҷиби санъати наққошӣ низ ёфт шуд. То имрӯз чандин хонае кушода шуд, ки деворҳояш мунаққашанд. Заминаи мусаввараҳоро махсус тайёр мекарданд: хокаи рангро дар як навъ моддаи часпак ҳал карда, ин маҳлулро ҳам ба рӯи ан­дова ва ҳам ба рӯи гач мемолиданд ва мусаввараҳоро дар рӯи ин замина меофариданд. Мусаввирон бештар рангҳои сурх, зард, кабуд, сафед, норганҷӣ, сиёҳ ва нилобиро истифода бурда, комбинатсияҳои гуногуни ҳайратангез ба рӯи кор овардаанд.

Чи лавҳаҳои наққошӣ ва чи мусаввараҳо бо маҳорати баланд иҷро гардидаанд. Ҳар як шахси тасвиршуда (хоҳ дар перспектива, хоҳ дар сафи пеш) дорои қиёфаю ҳолати муайянест. Дар лаҳзаҳои тасвиршуда тамоми қонуниятҳои рассомӣ риоя гардида, дар ҳаракат будани мавҷудоти зинда ба назар мерасад. Нигоришҳо сюжет ва мавзӯи муайян доранд. Дар онҳо манзараҳои базм, шикору ид, мотам, зӯрозмоии ҷанговарону паҳлавонон, рақсҳои маросимӣ, оббозӣ ва дигар лаҳзаҳои ҳаёти суғдиён акс ёфтаанд, ки чунин ҳолат дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ дучор меоянд. Масалан, дар баъзе де­ворҳо манзараҳое ҳастанд, ки дар онҳо корнамоии Рустаму Исфандиёр тасвир шудааст.

Дар аксари манзараҳо ва ҳатто дар саҳнаҳои разм занон ҳам ҳастанд. Онҳо баробари мардон дар базму зиёфатҳо иштирок дошта, асбобҳои гуногуни мусиқт менавозанд, мерақсанд, сарулибоси ҷангӣ пӯшида дар муҳорибаҳо иштирок мекунанд. Ин ҷиҳати му­саввараҳо шаҳодат медиҳад, ки то истилои араб занҳо озод ва фаъол будаанд..

Манзараҳои тасвиршуда роҷеъ ба ҳаёти аъёну ашроф, қушун, либоси ҳарбӣ, созу яроқи суғдиён (акинак, шамшер, тиру камон, найзаю гурз, табарзину сипар, зиреҳу тоскулоҳ, ҷавшану остинча ва ғайра), инчунин оид ба истифодаи онҳо маълумот медиҳанд. Дар мусаввараҳо расмҳои мутрибон низ ҳастанд, ки барои омӯхтани маданияти мусиқии суғдиён аҳамияти калои доранд. Масалан, дар девори яке аз биноҳо сурати зебои зани уднавозеро мебинем, ки дар бар куртаи шоҳии сафед, дар сар то­ҷи заррин ва дар дастон бозубанду ангуштаринҳои тилло дорад; бо дастичаи удро дошта, бо дасти рост ба торҳои он нохун мезанад. Уд ҳилолшакл буда, қисми болояш сари аждарро мемонад.

Дар рӯи девори дигаре тасвири се мутрибро мебинем, ки дар болои қолин нишатаанд. Яке аз онҳо барбат, дигаре як навъ асбоби удмонанд ва сеюми пай ме­навозад. Дар девори яке аз хонаҳои дигар сурати чаҳор мутриба низ акс ёфтааст. Ҳамаи ин гувоҳӣ медиҳад, ки суғдиён ба мусиқӣ шавқу ҳаваси калон доштаанд ва барбат уд, най, даф, дойра, қушнай барин ас­бобҳои мусиқӣ хеле маълум будаанд.

Панҷакенти Қадим имрӯзҳо ба яке аз ёдгориҳои машҳури археологии Тоҷикистон мубаддал гардида аст. Роҷеъ ба Панҷакенти Қадим ва ёдгориҳои санъати он дар Иттифоқи Советӣ ва хориҷа, аз ҷумла дар Америка, Италия, Франсия, Япония ва як қатор мамлакатҳои дигари ҷаҳон рисола ва мақолаҳо нашр шуда­анд. Панҷакенти Қадим як навъ меъёре гардидааст, ки муҳаққиқони ҳамин кабил ёдгориҳои археологии Осиёи Миёна бозёфтҳои худро бо падидаҳои он қиёс мекунанд.

Ҳафриёти Панҷакенти Қадим давом дорад.

Ад.: Ҷ а л и л о в А., Н е ъ м а т о в Н.. Кашфисти Панҷакенти қадим. Д., 1969; Якубовский А. Ю., Древний Пенджикент, «По следам древних культур», М.— Л.. 1951; Живопись древнего Пянп- жикента. М., 1954; Скульптура и живо­пись древнего Плнджикентв, М.. 1959; Беленицкий А. М., Раслопова В. И., Древний Пенджикент, Д.. 1971; Беленицкий А. М., Монументальное искусство Пенджякента. Живопись. Скульптура, М.. 1973; Исаков А. И., Цитадель древнего Пенджикента, Д., 1977.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …